АНО «Содружество народов Евразии»

Департамент молодежной политики Оренбургской области

Ҳуқуқҳои меҳнатӣ

Кор дар Русия барои муҳоҷирон

Кор барои донишҷӯёни хориҷӣ

Ҳуқуқҳои меҳнатии корманд

Шартномаи меҳнатӣ

Агар шумо ба Россия барои коркунӣ омада бошед, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро донистан муҳим аст. Ин ба шумо барои пешгирии муаммоҳо ёрӣ медиҳад.

Шартномаи меҳнатиро дар давоми 2 моҳ баъд аз гирифтани патент барои кор бастан лозим аст. Дар акси ҳол патент бекор карда мешавад.

Дар шартномаи меҳнатӣ муайян карда мешавад:

• насаб, ном, номи падар ва маълумотҳои шиносномавии корманд;

• насаб, ном, номи падар, номгӯй ва суроғаи ҳуқуқии кордеҳ;

• маълумоҳои полиси суғуртаи ихтиёрии тиббии корманд;

• вазифа ва ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд;

• ҷойи кор – суроғаи аслии ташкилот;

• санаи оғози кор, муҳлати амали қарордоди меҳнатӣ;

• шартҳои пардохти меҳнат, андозаи музди кор, маош, иловапулиҳо.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо

Кордеҳ ӯҳдадор аст:

• як нусхаи шартномаи диҳад ба корманд бо роспись дар нусхаи, хранящемся аз ҷониби корфармо дода мешавад;

• бе таъхир ва соқиткунӣ ба Шумо музди меҳнатро пардохт кунад. Андозаи музди меҳнатикорманди дар шуғли пурра қарордошта, наметавонад аз АМПМ (андозаи минималии пардохти меҳнат) камтар бошад. Дар соли 2022 АМПМ дар 13 890 рублро ташкил медиҳад;

• дар музди ҳаққи корманд ҳисоб карда намешавад ноҳия таносуби 1,15;

• таъминкунии ҷойи кории мутобиқ ба меъёрҳои бехатарии меҳнат;

• дар ҳолати ба Шумо пешкаш карад шудани манзили истиқоматӣ – ба Шумо дароз кардани муҳлати будубоши муваққатӣ дар минтақаи ФР дар давраи амали патент ба кор;

• огоҳ кардани Шумо оиди қоидаҳои махсус ва дар тартиби дар ташкилот қабулгардида. Давомнокии рӯзи корӣ набояд аз 8 соат, ҳафтаи корӣ – аз 40 соат бештар бошад. Шояд, муқаррар намудани суммированного баҳисобгирии вақти корӣ бо риояи меъерҳои дар давраи баҳисобгирӣ. Дар соатҳои доранд таъин зиед пардохт.

Ӯҳдадориҳои шумо:

• бовиҷдонона иҷро кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ. Агар корманд ӯҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро накунад, кордеҳ ба ӯ мулоҳизаи танқидӣ, танбеҳи хаттӣ карда ё ки аз кор озод карда метавонад. Ҷаримаҳо барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ғайриқонуниянд!

• хаттӣ огоҳ кардани кордеҳ оиди аз кор рафтани худ 14 рӯз пештар;

• риоя кардани тартиби меҳнатӣ ва техникаи бехатарӣ;

• ба амвол ва таҷҳизоти кордеҳ эҳтиёткорона муносибат кунед;

• ба кордеҳ оиди ба миён омадани ҳолати таҳдидкунанда ба ҳаёт ва саломатии одамон хабар додан;

• фаъолона дар ба расмият даровардани дафтарчаи меҳнатӣ, тиббӣ, полиси суғуртаи тиббии ихтиёрӣ иштирок кардан.

Шумо ҳуқуқ доред ба:

• радкунии иҷроиши корҳои ба ҳаёт ва саломатӣ хатарнок;

• ба Шумо пешниҳод кардани нусхаи шартномаи меҳнатӣ, варақаҳои ҳисоббаробаркунӣ, маълумотномаҳои дигар оиди муҳлатҳо ва андозаи музди маош дар давоми 3 рӯз;

• ба Нозироти давлатии меҳнат, Прокуратура ва суд барои муҳофизати ҳуқуқҳои худ муроҷиат кардан;

• ба суд то гузаштани 1 сол аз лаҳзаи ба Шумо пардохт нагардидани музди меҳнат ё ки бекор карда шудани шартномаи меҳнатӣ бо Шумо муроҷиат кардан;

• ба суд саривақт муроҷиат кунед. Корманд ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро дар давоми 3 моҳ аз рӯзе, ки оиди вайрон гардидани ҳуқуқи худ донистааст, аз рӯи баҳсҳо оиди аз кор хориҷ кардан - дар давоми 1 моҳ;

• ба мақомоти Кумитаи тафтишоти вилояти Оренбург ариза додан дар ҳолати аз ҷониби кордеҳ ба таъхир гузошта шудани пардохти музди маош ба муҳлати беш аз 2 моҳ;

• ҳар як корманди аз рӯи шартномаи меҳнатӣ коркунанда, ба рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда (на камтар аз 28 рӯзи корӣ), беморӣ ва суғурта аз ҳодисаи нохуш ҳуқуқ дорад.

Агар музди маоши шуморо ба таъхир гузоранд, ба Шумо тавсия медиҳем:

• Агар музди маошро ба муҳлати бештар аз 15 рӯз ба таъхир гузоранд, Шумо ҳуқуқи ба кордеҳ додани аризаи хаттӣ оиди боздошти кор аз сабаби пардохт нагардидани музди маошро доред.

• Ба кордеҳ бо эътироз оиди пардохти қарздорӣ аз рӯи музди меҳнат муроҷиат кунед. Эътироз коллективӣ буда метавонад. Дар вақти баррасии даъво барои шуморо аз кор холӣ кардан ҳуқуқ надоранд. Ҳангоми додани ариза муҳим аст, ки дар Шумо нусхаи он бо имзо ё ки муҳри кордеҳ оиди санаи қабули он монад.

• Агар кордеҳ ба эътироз ҷавоб надиҳад, бо шикоят ба прокуратура ё ки суд муроҷиат кардан лозим аст. Прокуратура метавонад худ тафтиши кордеҳро дар манфиати кордеҳоне гузаронад, ки ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо вайрон гардидааст, инчунин ӯро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад. Муроҷиатҳои коллективӣ самараи бештар доранд.

• Кордеҳро барои рӯйпӯшкунии қарздорӣ Нозироти давлатии меҳнат ӯҳдадор карда метавонад. Барои ин ба нозирот ариза дар бораи пардохт нагардидани музди меҳнат бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ муроҷиат кардан лозим аст.

Берункунӣ аз кор бе фаҳмонидани сабабҳо манъ аст. Ҳангоми аз кор озод кардан ба корманд ҳатман фармон дар бораи аз кор озод карданро диҳанд ва ба ӯ дафтарчаи меҳнатиро бо қайд оиди аз кор озод кардан баргардонанд. Кордеҳ ӯҳдадор аст, ки ба корманд вақти кор кардаашро ё ки кори иҷрогардидаро ҳатто дар он ҳолат низ пардохт кунад, агар байни онҳо шартнома баста нашуда бошад ҳам.

Шикоят аз болои сардори худро ба роҳбари ташкилоте, ки дар он кор мекунед, навишта метавонед. Агар ин ёрӣ надиҳад, ба Нозироти давлатии меҳнат муроҷиат кардан мумкин аст. Дар он ҷо машварат ва ёрӣ дар ҳалли масъаларо гирифтан мумкин.

Ҳангоми муроҷиат ба суд бо даъво оид ба муҳофизаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ кормандон аз пардохти боҷҳо ва хароҷоти судӣ озод карда мешаванд. Парвандаҳо оид ба қарздории камтар аз 50 ҳазор рублро судяҳои оштӣ баррасӣ мекунанд, агар қарздорӣ бештар бошад - судҳои юрисдиксияи умумӣ.

Маслиҳатҳои муфид

Кор барои донишҷӯёни хориҷӣ

Донишҷӯёни хориҷии дар шакли рӯзона таҳсилгиранда, бе патентҳо ва иҷозатномаҳо ба кор дар вақти озод аз таҳсил кор карда метавонанд. Барои бастани шартномаи меҳнатӣ ё ки шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ бо кордеҳ аз онҳо пешниҳод кардани танҳо маълумотнома аз донишгоҳ ё ки коллеҷи дорои аккредитатсияи давлатии тасдиукунандаи он, ки онҳо дар он минтақа таҳсил мегиранд, талаб карда мешавад.

Маслиҳатҳо барои муҳоҷирони

Ҳангоми расман убур кардани сарҳади Федератсияи Русия, дар корти муҳоҷиратӣ мақсади омаданро – РАБОТА нишон диҳед.

Конунӣ кор кунед: патент ба кор гиред, бо кордеҳ шартномаи меҳнатӣ ё ки шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ бандед: кордеҳ барои бастани шартнома бо Шумо ва додани нусхаи он ба Шумо ӮҲДАДОР АСТ. Кордеҳ инчунин барои ба расмият даровардани дафтарчаи меҳнатӣ ба ҳар як корманде, ки дар ӯ аз рӯи шартномаи меҳнатӣ бештар аз 5 рӯз кор мекунанд, ӯҳдадор аст.

Ба миёнравон муроҷиат накунед: онҳо ба Шумо ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба расмият дароварда ва Шуморо ҳамчун қувваи кории ройгон истифода бурда метавонанд.

Андоза ва шартҳои пардохти музди маошро саҳеҳ муайян кунед: Шумо бояд донед, ки чанд қадар ва барои айнан кадом кор бояд ба шумо пардохт кунанд. Андозаи музди маош бояд дар шартномаи меҳнатӣ ниҳон дода шавад. Маблағро шумо бояд ба корти бонкии махсус ба номи Шумо ё ки шахсан дар муҳосибот бо имзо, бо варақаи ҳисоббаробаркунӣ гиред. Муносибатҳои дилхоҳи пулӣ бояд бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шаванд.

Бодиққат ҳамаи он чизро, ки имзо мекунед, хонед, ба шумо додани нусхаҳоро талаб кунед. Шумо ҳуқуқи имзо накардани шартномаҳо, огоҳиномаҳо ва ҳуҷҷатҳли дигарро доред, агар шумо бо мундариҷа ва шартҳои онҳо розӣ набошед.

Ба кордеҳ ҳуҷҷатҳои худро барои нигоҳдорӣ надиҳед: ҳеҷ кас, ба ғайр аз Шумо, шиноснома, патент ба кор, суғурта, нусхаи шартномаи меҳнатии Шумо ва ҳуҷҷатҳои дигарро нигоҳ дошта, инчунин ҳуқуқи шуморо ба ҳаракат, телефони шуморо гирифта наметавонад. Гирифтани шиноснома ва маҳдудкунии озодӣ – ҷинояти ҷиддӣ аст: дар ин ҳолат ба политсия муроҷиат лозим аст!

• Барои ҷустуҷӯи кори мувофиқ аз эълонҳо дар рӯзномаҳо ва интернет истифода бурдан, ба Маркази меҳнат ва шуғл муроҷиат намудан мумкин аст. Захираи муфиди иттилоотӣ: Портали интерактивии хадамоти шуғли аҳолии вилояти Оренбург, ки дорои ҷойҳои холии кор аст: szn.orb.ru/vacancy.

Алоқаҳои муҳим

Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Оренбург:

Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Русия дар вилояти Оренбург:

Раёсати ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Бахши МФДФ «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Нозироти давлатии меҳнати ш. Оренбург:

Прокуратураи вилояти Оренбург:

Прокурори навбатдор: