АНО «Содружество народов Евразии»

Департамент молодежной политики Оренбургской области

Иқомат дар Русия

Иҷозатнома ба зисти муваққатӣ

Иҷозатномаи иқомат

Шаҳрвандии ФР

Иҷозатнома ба зисти муваққатӣ (РВП)

РВПба 3 сол дода мешавад ва ба шаҳрванди хориҷӣ ҳуқуқи будубош бе рафтан дар ФР дар давоми тамоми муҳлати амали он, расман бе патент ё ки иҷозатнома ба кор кардан, озодона дар ФР саёҳат кардан, ройгон ёрии тиббӣ гирифтан, инчунин ариза ба иҷозатнома ба иқомат дар Россия додан ва баъдан гирифтани шаҳрвандиро медиҳад.

Феҳрасти ҳуҷҷатҳо ба РВП аз инҳо иборат аст:

• ду сурати шахсӣ;

• ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;

• маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани доғи судӣ дар кишвари истиқомат барои онҳое, ки ба Россия бо раводид омадаанд;

• хулосаи тиббӣ оиди мавҷуд набудани нашъамандӣ, инчунин ВНМО ва дигар бемориҳои сироятнок;

• ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дониши забони русӣ, дониши таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР;

• ариза ба РВП дар ду нусха дода мешавад (онро пешакӣ ё ки дар ҷои супоридан пур кардан мумкин аст).

Боҷи давлатӣ барои додани РВП1600 рубл. Ҳангоми додани ариза дар бораи додани РВА шаҳрванди хориҷӣ ҳатман аз қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳоро ба шӯъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ супоридан мумкин аст.

РВП ба шаҳрванди хориҷӣ дар доираи квотаи аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия ҷудогардида дода шуда метавонад.

Бе назардошти квота РВП-ро шаҳрвандони хориҷии зерин гирифта метавонанд:

• дар ҳудуди ҶССФР таваллуд шудагон ва қаблан дар шаҳрвандии ИШҶС қарор доштагон;

• дорои волидайн, писар ё ки духтар, ки шаҳрвандии Федератсияи Россия доранд ва дар ҳудуди он доимӣ истиқомат доштанд;

• шахсоне, ки худ ё ки хешовандони онҳо аз ҶШСМ Қрим депортатсия карда шудаанд;

• мутахассисони баландихтисосбудагон ва аъзоёни оилаи онҳо;

• дар Россия на камтар аз 6 моҳ бо касби ба феҳрасти касбҳо-мутахассисони ихтисоснок воридгардида коркунанда;

• дар Россия донишгоҳро бо баҳоҳои аъло хатмкарда;

• нисбати онҳо қарор дар бораи гирифтани шаҳрвандии ФР бекоркардашуда (бо истиснои қарорҳои бо ҳукми суд қабулгардида);

• ноболиғон, ки волидайни онҳо муваққатан дар Россия истиқомат мекунанд (ба муҳлати истиқомати муваққатии волид);

• ноболиғон, ки бо ҳамроҳии волид РВП мегиранд;

• дар ақди никоҳ бо шаҳрванди ФР қарор доранд;

• ба ФР маблағгузорӣ мекунанд;

• ба хизмати ҳарбӣ дохил шудаанд;

• иштирокчиёни барномаи давлатӣ оид ба кӯчиши ихтиёрии ҳамватанони дар хориҷа истиқоматкунанда ба ФР, ва аъзоёни оилаҳои онҳо;

• шаҳрвандони давлатҳои ба таркиби ИҶСШ буда ва дар муассисаҳои олӣ ё ки миёнаи таълимӣ таҳсил гирифтаанд;

• шаҳрвандони Қазоқистон, Молдова ё ки Украина;

• дар Россия шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандиро гирифтаанд, инчунин шахсони бешаҳрвандии дар Украина истиқоматкунанда, ки ҳамчун гурезаҳо эътироф гардидаанд ё ки дар Россия паноҳгоҳи муваққатӣ гирифтаанд.

Ҳангоми баррасии муроҷиат барои РВП ба зерин диққат медиҳанд:

• сатҳи дониши забони русӣ;

• мавҷудияти маълумоти олӣ;

• мавҷуд набудани тартиби муҳоҷирати ФР, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ.

Шумо бояд маълумотро оиди он, ки айнан дар кадом суроға истиқомат мекунед, пешниҳод кунед ва дар оқибат расман дар ин суроға аз қайд гузаред.

Эҳтиёт бошед – ба миёнравон барои ба расмият даровардани РВП муроҷиат накунед! Онҳо муҳрҳои сохта оиди додани РВП мекунанд. Дар ҳолати муайян гардидани қалбакӣ Шуморо дар қалбакисозии дидаву дониста айбдор карда ва ба маҳбас ба муҳлати то 6 моҳ ҷой карда метавонанд – роҳи гирифтани шаҳрвандии ФР барои Шумо пӯшида мешавад!

Шаҳрванди хориҷии дар Россия РВП гирифта бояд:

• дар он минтақаи Россия, ки дар он ҷо РВП ба расмият дароварда шудаст, истиқомат ва кор кунад;

• ҳамасола – дар давоми 2 моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани соли навбатии истиқомат (ҳангоми мавҷудияти сабабҳои узрнок – на дертар аз 6 моҳ) – ба зершӯъба оид ба масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ оиди таасдиқкунии будубоши худ дар Россия ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи андоза ва сарчашмаи даромади дар Россия гирифташавандаро пешкаш кунанд.

Иҷозатномаи иқомат (ВНЖ)

ВНЖ - ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда ба истиқомати доимӣ, соҳиби кори қонунӣ шудан, дастрасӣ ба низоми суғуртакунии иҷтимоӣ дар Россия, инчунин барои баромадан ва даромадани озод ба Россия мебошад. ВНЖ бе маҳдудкунии муҳлати амал дода мешавад (бо истиснои шахсони бешаҳрвандӣ ва мутахассисони баландихтисос).

Барои гирифтани ВНЖ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия на камтар аз як сол баъд аз гирифта шудани РВП қонунӣ истиқомат кардан лозим аст.

Бе гирифтани РВП иҷозатномаи иқоматро шаҳрвандони хориҷии зерин гирифта метавонанд:

• дар ҶФСШР таваллуд шуда ва қаблан шаҳрвандии ИҶШС дошта;

• кӯдакони то 18 сола, ки ВНЖ-ро бо ҳамроҳии волидайн мегиранд, ё ки кӯдакони онҳо, ки аллакай ВНЖ доранд;

• шахсон, ки волидайн ё ки кӯдакони онҳо – шаҳрвандони Россия, ки дар кишвар доимӣ истиқомат мекунанд;

• мутахассисоне, ки аз шаш моҳ дар Россия бо яке аз касбҳо аз феҳрасти касбҳо-мутахассисони тахассуснок кор кардаанд;

• донишгоҳи Россияро бо баҳоҳои аъло хатм кардаанд;

• ғайри қобили амал, ки васии ӯ шаҳрванди Россия ё ки дорандаи ВНЖ мебошад;

• соҳиби забони русӣ, ки аз ҷониби комиссияи махсус чунин эътироф гардидааст;

• шахси аз ҳудуди ҶСШМ Қрим берун карда шудааст ё ки хешованди бевоситаи ӯ;

• шахсе, ки нисбати ӯ шаҳрвандии ФР қатъ гардидааст ё ки нисбати ӯ қарор дар бораи шаҳрвандӣ бекор карда шудааст.

Ҳамҷоя бо ариза пешниҳод кардан лозим аст:

• Дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аз ҷониби кордеҳ тасдиқгардида) ё ки шартнома (меҳнатӣ ё ки ТШҲ);

• Маълумотнома оиди ҳолати СҲФ аз ФНР дар шакли муқарраргардида;

• Маълумотномаи 2-НДФЛ;

• Маълумотнома оиди ҳолати суратҳисоб.

Боҷи давлатӣ барои додани ВНЖ5000 рубл. Ҳангоми додани ариза дар бораи додани ВНЖ бе барасмиятдарории РВП шаҳрванди хориҷӣ ҳатман аз қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ гузаронида мешавад.

Муҳлати умумии баррасии ҳуҷҷатҳо – то 4 моҳ аз рӯзи қабули ариза.

Шаҳрвандони хориҷие, ки шиносномаи муҳлати амалаш дар давоми муҳлати амали ВНЖ ба анҷом мерасад, бояд онро дароз кунанд ё ки шиносномаи навро бояд ба расмият дароранд.

Гражданство РФ

Шартҳои қабулкунӣ ба шаҳрвандии Федератсияи Русия – истиқомати доимӣ (яъне бо иҷозатномаи иқомат) дар ҳудуди Россия муттасил дар давоми 5 сол аст. Муҳлати истиқомат аз рӯи ВНЖ дар қабулкунии соддакардашуда то 1 сол кӯтоҳ карда мешавад. Барои тоифаҳои алоҳидаи шаҳрвандон ин шарт бекор карда мешавад.

Мутобиқи протседураи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандии Россия, талабот оиди муҳлати 5 солаи истиқомат дар Россияро аз рӯзи дода шудани ВНЖ, рад кардани шаҳрвандии мавҷуда ва тасдиқкунии сарчашмаи қонунии даромадро тоифаҳои зерини шаҳрвандон риоя накарда метавонанд:

• дар ҳудуди ҶШСФР таваллуд шуда ва дорои шаҳрвандии собиқ ИҶШС;

• на камтар аз 3 сол дар ақди никоҳ бо шаҳрванди Россия, ки дар ҳудуди Россия истиқомат мекунад;

• волидайни бачагони қобили амали болиғ, ки дар шаҳрвандии Россия қарор доранд;

• дорои кӯдак аз шаҳрванди Россия (бо шарти бастани ақди никоҳи қонунӣ);

• дорои волидайн (волид) – шаҳрвандони ФР, ки дар ҳудуди Россия қайди доимӣ доранд;

• мутахассисон бо маълумоти касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 1 сол;

• дорои мавқеъи соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияти худро на камтар аз се сол мебарад (бо даромади ҳарсолаи бештар аз 10 млн р.);

• дорои мавқеъи сармоягузор (маблағи сармояи оинномавӣ на камтар аз 100 млн рубл, пардохти андози ҳамасола – на камтар аз 6 млн р.);

• дорандаи забони русӣ;

• иштирокчиёни Барномаи давлатӣ оид ба кӯчиши ҳамватанон;

• шаҳрвандони Молдова, Беларус, Қазоқистон ва Украина.

Шумо дорандаи забони русӣ эътироф гардида метавонед, агар Шумо:

• забони русиро донед ва ҳамарӯза дар соҳаҳои оилавӣ-рӯзгорӣ ва маданӣ истифода баред,

• шумо ё ки волидайни шумо дар хатти бевоситаи болоӣ (модар, падар, биби, бобо, бибикалон, бобокалон ва ғайра) дар ФР ё ки ҳудуди ба Империяи Россия ё ки ИҶШС, дар доираи сарҳади давлаии ФР доимо истиқомат кунанд ё ки истиқомат карда бошанд. Ин факт бояд бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ ва/ё ки маълумотномаҳои бойгонӣ тасдиқ карда шавад.

Вао забони русӣ метавонанд, ки ба даст овардани шаҳрвандии ФР тибқи тартиби соддагардонидашуда.