АНО «Содружество народов Евразии»

Департамент молодежной политики Оренбургской области

Вуруд ба россия

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ

Патент барои кор

Вуруд ба Россия

Ҳуқуқи вуруд ба ФР:

• бо шиносномаи дохилии ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) ва Украина;

• бо шиносномаи хориҷӣ – ҳамаи боқимондаҳо.

Ҳуқуқи вуруд ва будубош дар Федератсияи Россияро доранд:

• шаҳрвандони ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) – ба муҳлати то 90 рӯз дар давоми ҳар як давраи 180 рӯза, ё ки ба муҳлати будубоши аъзои қобили меҳнати оила;

• шаҳрвандони ИДМ (Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Молдова, Озарбойҷон, Украина), Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ – ба муҳлати то 90 рӯз дар давоми ҳар як давраи 180 рӯза;

• шаҳрвандони ҶХД ва ҶХЛ – ба муҳлати то 180 рӯз.

Ҳангоми вуруд ба Россия шумо бояд полиси суғуртавӣ дошта бошед. Онро дар ватан ё ки дар ҳудуди Россия дар рӯзи вуруд харидан лозим аст. Дар Россия онро дар ташкилоти дилхоҳи суғур-тавӣ, дар фурудгоҳҳои калон ва дар истгоҳҳои роҳи оҳан, инчунин дар почта харидан мумкин аст.

Корти муҳоҷиратӣ - РОЙГОН дода мешавад ва ҳангоми вуруд ба Россия пур карда мешавад. Онро бо ҳуруфи лотинӣ пур кардан мумкин аст - мутобиқи маълумотҳои шахсии дар шиносномаи Шумо нишондодашуда.

МУҲИМ АСТ! Дар корти муҳоҷиратӣ мақсади вурудро бояд нишон дод, масалан: «Кор», «Хусусӣ», «Таҳсил» ва ғайра. Аз 29 декабри соли 2021 дар давоми 30 шабонарӯз баъд аз вуруд ба Россия бақайдгирии дак-тилоскопиро (гирифтани пайҳои ангуштон) ва суратгириро гузаштан лозим аст.

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ

Муҳлатҳои ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан:

• барои шаҳрвандони Беларус ва Украина – то 90 рӯз;

• барои шаҳрвандони кишварҳои ИИАО воридшаванда (Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) - 30 рӯз;

• барои шаҳрвандони Тоҷикистон – 15 рӯз;

• боқимондагон (аз он ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон) – 7 рӯз.

МУҲИМ АСТ! Ба қайди муҳоҷиратӣ дар он минтақае, ки дар он Шумо кор ва истиқомат хоҳед кард, истодан лозим аст. Инро ба ҷойи истиқомати аслӣ кардан лозим аст, дар акси ҳол Шуморо ба ҷавобгарӣ кашида ва ҷарима баста метавонанд!

Гузоштан ба қайди муҳоҷиратиро ҷониби қабулкунанда амалӣ мекунад - шуморо дар суроғаи худ шахси ҷисмонӣ ё ки ташкилоте, ки дар он Шумо кор карданиед, яъне оне, ки ба Шумо ман-зилро пешкаш мекунад, ба қайд гузошта метавонад.

Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии муҳоҷиратӣ лозима:

• нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиноснома, ки иттилоот дар бораи убури сарҳадро доранд;

• нусхаи корти муҳоҷиратӣ (ба ғайр аз шаҳрвандони Беларус);

• полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;

• нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарии манзил (масалан, ҳуҷҷат барои ҳуқуқи амвол, иҷора).

Барои ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҷои будубош гузоштан бояд ба ин ҷо муроҷиат намуд:

• шӯъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ;

• марказҳои бисёрфунксионалии пешниҳодкунии хизматрасониҳои давлатӣ;

• шӯъбаҳои Почтаи Россия.

Барои ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан лозим аст:

• пуркунии шакл-хабарнома дар бораи омадани Шумо ба ҷойи будубош ва равона кардани он ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург;

• гирифтан ва бо худ нигоҳ доштани бланки буридашавандаи хабарнома дар бораи омадан бо қайди гузошташуда оиди қабул гардидани ҳуҷҷатҳо.

МУҲИМ АСТ! Ба миёнравон муроҷиат накунед! Ба шумо бақайдгирии қалбакиро ба расмият дароварда метавонанд. Барои вайронкунии қоидаҳои вуруд ва қоидаҳои будубош - ҷарима аз 2 то 5 моҳ ҳазор рубл бо берункунии эҳтимолӣ аз Россия ва таъқиқ барои вуруд дар давоми 5 сол.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Русия бояд патент.

Шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина барои кор бояд па-тент ба расмият дароранд. Он ба муҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.

Патент аз ҷониби Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург дода мешавад ва танҳо дар он минтақаи ФР, ки барои кор дар он ба расмият дароварда шудааст, амал мекунад.

МУҲИМ АСТ! Барои кор дар тахассуси дар патент нишон дода нашуда ҷаримабандӣ аз 2 то 5 ҳазор рубл имконпазир аст.

Муҳлат: дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи вуруд ба ФР, дар акси ҳол пардохати ҷарима барои вайронкунии муҳлатҳои гирифтани патент аз 10000 то 15000 рубл лозим мешавад.

Барои ба расият даровардани патент ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

• ариза дар бораи додани патент;

• сурат (3х4, беҷило);

• шиноснома (+нусхаи шиноснома);

• корти муҳоҷиратӣ бо нишондоди кор ҳамчун мақсади ташриф ба Федератсияи Россия;

• хулосаи тиббӣ, ки мавҷуд набудани бемории нашъамандӣ ва бемориҳои сироятиро тасдиқ мекунад, инчунин сертификат оиди набудани сирояти ВНМО;

• шартнома оиди пешниҳодкунии хизматрасониҳои пулакии тиббӣ, ки ба муҳлати аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ба амал бароварда шудани фаъолияти меҳнатӣ амал мекунад;

• ҳуҷҷати тасдиқкунандаи забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР (барои ба расмият даровардани патент аз санҷиш гузаштан лозим аст. Ҳар чӣ зудтар кардани ин тавсия дода мешавад. Эҳтимол, ба Шумо гузаштани омӯзиш барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо зарур бошад).

Патент дар давоми 10 рӯз аз лаҳзаи супоридани ариза, ҳуҷҷатҳои лозима ва гузаштани дакти-лоскопия (гирифтани пайҳои ангуштон) дар рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳо ба расмият дароварда ме-шавад. Патенти омода ба аризадиҳанда ШАХСАН бо пешниҳодкунии ҳуҷҷат, инчунин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт гардидани пешпардохт дода мешавад. Дар соли 2022 маблағи пардохт 4372 рублро ташкил медиҳад. Пардохт дар шӯъбаи дилхоҳи Сбербанки ФР аз рӯи реквизитҳои мақомоти андоз ба расмият дароварда мешавад. 3-5 рӯз қабл то муроҷиат кардан барои гирифтани патент тавсия дода мешавад.

МУҲИМ АСТ! Дар хотир доред, ки агар хориҷӣ дар ҳудуди ФР бештар аз 90 шабонарӯз бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонунии ӯ будубош дошта бошад, ба ӯ вуруд ба Россияро ба муҳлати то се сол таъқиқ мекунанд. Дар ҳолате, ки агар муҳлати амали патенти дар шаҳрванди хориҷа мавҷудбуда, дароз карда нашуда ё ки патенти ба ӯ додашуда бекор карда шуда бошад, шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати ба анҷом расидани муҳлати будубоши муваққатии ӯ дар Федератсияи Россия бояд аз Федератсияи Россия баромада равад.

Маслиҳатҳои муфид

• Чипта ё ки талони нишастро, ки бо он ба Россия ворид шудед, маҳфуз нигоҳ доред;

• Ҳамеша бо худ шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент ба корро бо расидҳо оиди пардохт, полиси амалкунандаи тиббиро дошта бошед;Всегда носите при себе паспорт, миграционную карту, регистрацию, патент на работу с чеками об оплате, действующий медицинский полис;

• Ҳамаи саҳифаҳои шиносномаатон, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент, полиси тиббӣ, шартномаи меҳнатиро нусхабардорӣ кунед.

МУҲИМ АСТ! Ҳангоми гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҳар ду қисми хабарнома суроғаи будубош, маълумоти шахсии ҷониби қабулкунанда ва маълумотҳои шахсии Шуморо нишон додан лозим аст. Ҷониби қабулкунанда, агар ӯ шахси ҷисмонӣ бошад, дар бланк имзо мегузорад. Агар ин ташкилот бошад – муҳр ва имзои роҳбар. Баъд аз соҳиби ҷойи кор гардидан бақайдгирии муҳоҷиратиро (қайдро) мунтазам ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ ё ки патенти пардохтгардида ба кор дароз кардан лозим аст.

Супоридани пакети ҳуҷҷатҳо барои ба қайд гузоштани патент дар шаҳри Оренбург аз ҷониби ташкилоти ваколатдори КФФД «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар суроғаи: ш. Оренбург, кӯч. 75 линия/16 линия, х. 1/14, телефон: 44-78-15, ё ки тавассути сабти пешакӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ (www.gosuslugi.ru) ба амал бароварда мешавад.

Пардохт барои патент на дертар аз 1 рӯз то гузаштани ҳар як моҳи пардохтгардидаи кор ворид карда мешавад. Пардохт аз рӯи патентро ба муҳлати то 12 моҳ пеш ворид кардан мумкин аст. Ҳатман дар худ расидҳои тасдиқкунандаи пардохт барои патентро нигоҳ доред.

Дар давоми 2 моҳ баъд аз гирифтани патент Шумо бояд ба Раёсад оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо кордеҳро равона кунед.

Дар ҳолати гумкунии патент Шумо метавонед ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург бо ариза оиди додани нусхаи такрории патент муроҷиат кунед.

Алоқаҳои муҳим

Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Филиали КФФД «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

МФДБТ ТО «Донишгоҳи давлатии забони русӣ ба номи А. С. Пушкин»:

Маркази бисёрфунксионалии пешниҳодкунии хизматҳои давлатӣ ва мунисипалии вилоя-ти Оренбург: