Муносибати байниҳамдигарӣ бо политсия

Тафтиши ҳуҷҷатҳо

Дар ҳолати дастгиршавӣ

Қоидаҳои рафтор дар Рссия

Рейдхо

Тафтиши ҳуҷҷатҳо

Танҳо кормандони политсия, ки дар ҳолати иҷроиши ӯҳдадориҳои хизматӣ қарор доранд, ҳуқуқи тафтишкунии ҳуҷҷатҳоро доранд. Онҳо бояд дар либоси политсия ва бо худ нишонаи махсуси сарисинагӣ (жетон) дошта бошанд – рақами онро ба хотир гиред ё ки навишта гиред. Ҳангоми муроҷиат ба Шумо корманди политсия бояд унвон, вазифа, насаби худро гӯяд, бо талаби якуми шумо шаҳодатномаи худро пешниҳод кунад, сабаб ва мақсади тафтиши ҳуҷҷатҳоро фаҳмонад.

Бояд дар хотир дошт, ки гурӯҳи одамони иборат аз се ё ки бештар нафар боиси саволҳои мақомотҳои политсия гардиданаш мумкин аст. Фаҳмидан муҳим аст, ки корманди политсия шуморо дар ҳеҷ чиз айбдор намекунад, хоҳиши ӯ оиди пешниҳоди ҳуҷҷат шаъни шуморо паст намезанад.

Бо худ ҳамеша гирифта гаштан лозим аст:

• шиноснома;

• корти муҳоҷиратӣ;

• хабарнома дар бораи ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан (қайд);

патент ба кор бо расидҳо оиди пардохт гардидани пешпардохтҳои андозӣ;

• полиси амалкунандаи суғуртаи ихтиёрии (ДМС) ё ки ҳатмии (ОМС) тиббӣ.

Ҳатман нусхаҳои ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро кунед ва онҳоро дар алоҳидагӣ аз нусхаҳои аслӣ нигоҳ доред – шумо агар онҳоро гум кунед, барқароркунии онҳо осон мешавад.

Дар корманди политсия оиди ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатҳои шумо шубҳа ба миён омаданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат ӯ аз Шумо бо ӯ ба нуқтаи наздиктарини политсия барои тафтиши ҳуҷҷатҳо аз махзани маълумотҳо рафтанро хоҳиш мекунад. Агар ин рух диҳад, ба хешовандон ё ки дӯстон занг занед ва хабар диҳед, ки Шумо дар куҷо қарор доред ва бо кӣ суҳбат карда истодаед.

ДАР ХОТИР ДОРЕД ! Додани ришва ҷииноят аст (на танҳо барои корманди политсия, вале барои оне, ки ришваро медиҳад)! Ришва на танҳо пул, вале молҳо, хизматрасониҳо низ буда метавонанд (масалан, корҳои таъмирӣ ва сохтмонии ройгон ё ки бо арзиши пасткардашуда пешкаш гардидаанд).

Дар ҳолати дастгиршавӣ

Дастгиршуда ҳуқуқ ба суҳбати телефониро дорад.

Дар бораи дастгиркунӣ протокол тартиб дода мешавад, ки дар он корманди политсия менависад:

• сана, вақт ва ҷойи тартиб дода шудани протокол;

• вазифа, ному насаби корманди политсия, ки протоколро тартиб додааст;

• маълумотҳо оиди дастгиршуда, сана, вақт, ҷой, асосҳо ва сабабҳои дастгиркунӣ.

Протокол оиди дастгиркуниро корманди политсия, ки онро тартиб додааст, имзо мекунад. Баъд аз ин, агар қоидавайронкуниҳо муайян гарданд, аз ҷониби корманди политсия протокол оиди ҳуқуқвайронкунии махмурӣ бояд тартиб дода шавад.

Агар шумо бо тартиби протокол розӣ набошед, нависед: «Бо протокол розӣ намебошам» ва нишон диҳед, ки барои чӣ. Масалан: «барои он, ки ман амалҳои дар протокол тавсифгардидаро содир накардаам». Агар шумо забони русиро хуб надонед ва ба шумо бо хоҳиши шумо тарҷумонро пешниҳод накунанд, шумо оиди ин дар протокол навишта метавонед: «матни протоколҳо дар забони русӣ намефаҳмам». Инчунин шумо инро дар забони модарӣ навишта метавонед.

Агар шумо имзокунии протоколро рад кунед, корманди политсия ҳатман оиди ин дар протокол сабт мекунад.

Ҳатман ба шумо додани нусхаи протокол дар бораи дастгиркуниро хоҳиш кунед – кормандони политмия инро бо талаботи аввалини шумо бояд иҷро кунанд.

Протокол дар бораи дастгиркунӣ маънои онро надорад, ки шумо бояд ҷарима супоред. Ҷарима танҳо бо қарори суд ё ки сардори мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ таъин карда шуда метавонад. Шумо бояд шахсан дар баррасии парванда иштирок кунед ва ба даст қарорро дар забони ба шумо фаҳмо гиред.

То ҳалномаи судӣ шаҳрванд наметавонад ба муҳлати бештар аз 48 соат дастгир карда шавад. Дастгиршуда метавонад ҳимоятгарро, инчунин тарҷумонро талаб кунад, агар ӯ забони русиро хуб надонад.

Кормандони политсия ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷатҳоро барои гарави пардохти ҷарима ё ки пардохти дигар гиранд – ин ғайриқонунист!

Агар шуморо ғайриқонунӣ дастгир кунанд, ба Комиссияи ҷамъиятии муоинаи вилояти Оренбург оид ба амаликунии назорати ҷамъиятӣ аз болои таъмини ҳуқуқҳои инсон дар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ ва оид ба муосидат ба шахсони дар ҷойҳои нигоҳдории маҷбурӣ қарордошта (ОНК) муроҷиат кунед. Аъзоёни ОНК ҳуқуқи тафтишкунии нигоҳ дошта шудани шаҳрвандони хориҷиро доранд, инчунин ба Шумо ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида метавонанд. Суроғаи ОНК: ш. Оренбург, кӯч. Краснознаменная х. 5.

Агар шуморо ба Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ (МНМШХ) ҷойгир кунанд, барои зуд барқарор кардани ҳуҷҷатҳои худ мусоидат кунед. Будубош дар МНМШХ то 2 сол дар он ҳолат давом ёфта метавонад, агар шахсият ва шаҳрвандии хориҷиро муайян кардан имконнопазир бошад. Ҳатман бо консулгарии кишвари худ тамос гиред ё ки ба ОНК барои машварати ройгонӣ ҳуқуқӣ муроҷиат кунед.

Рейдхо

Ҳуҷҷатҳои шуморо дар рафти рейдҳои махсус тафтиш карда метавонанд. Кормандони политсия шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, хабарнома оиди ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан (қайд), полиси тиббиро тафтиш мекунанд. Инчунин, мутобиқати ҷойи аслии кор ва вазифаро бо маълумотҳои дар ҳуҷҷатҳо нишондодашудро тафтиш мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои тафтишот кормандон санад ва агар қоидавайронкуниҳо муайян карда шаванд, протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ки бозкунии парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳанд. Як нусхаи санад ё ки протоколро ҳатман бояд ба гумонбаршаванда диҳанд.

Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муҳоҷират метавонад танҳо аз ҷониби кормандони политсия тартиб дода шавад.

Тартибдиҳии протокол маънои онро надорад, ки шумо бояд ҷарима пардохт кунед. Ба шумо бояд қарор аз рӯи парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро диҳанд, ки шумо аз болои он дар давоми 10 рӯз дар суд шикоят карда метавонед.

Шикоят оид ба амали кормандони политсия

Агар кормандони политсия ҳуқуқҳои шуморо вайрон кунанд, қабул кардани аризаро рад кунанд, ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд, ришва талаб кунанд ё ки зӯроварӣ татбиқ кунанд, шумо барои ёрӣ ба Раёсати ВКД Россия дар вилояти Оренбург, Прокуратураи вилояти Оренбург, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Оренбург шикоят карда метавонед.

Қоидаҳои рафтор дар Рссия

Агар шумо шоҳид ё ки қурбонии ҷиноят гардед, ба политсия муроҷиат кунед: 02 – аз телефони статсионарӣ «102» ё ки «112» – аз телефони мобилӣ.

Ҳар як шаҳрванди хориҷии дар Федератсияи Россия қарордошта, бояд қонунҳо, одатҳо ва оинҳои кишвари будубошро бояд риоя ва эҳтиром кунанд! Бо онҳо то вуруд ба Россия бояд шинос шуд.

Вазифаи кормандони политсия – нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон новобаста аз миллат, мансубияти миллӣ, халқӣ, динӣ ва ғайра мебошад.

Қоидаи асоситарин барои ҳамаи одамон – эҳтиром ба якдигар.

Ҳамаи одамон, ба фарқиятҳои халқиятӣ: миллат, забон, намуди зоҳирӣ, одатҳои миллӣ ва хусусиятҳои рафтори худ, қоидаҳои умумии рафторро бояд риоя кунанд. Дар кишвари мо хафа ё ки ҳақорат кардани касе аз рӯи принсипи миллӣ ё ки динӣ мумкин нест. Ин яке аз қоидаҳои асоситарини муоширати одамон аст.

Меҳмонони вилояти Оренбург бояд тарзи ҳаёти аҳолии маҳаллиро эҳтиром кунанд, пуртоқат бошанд, дашном надиҳанд, баландназарӣ ё ки беаҳмиятӣ нисбати маданияти маҳаллӣ зоҳир накунанд, ба гуфторҳои ҳақоратомез нисбати роҳбарони кишвари будубош роҳ надиҳанд.

Қоидаи асосии рафтор дар кӯча – ин наофаридани ноқулайиҳо ва нороҳатиҳо ба атрофиён аст.

Барои муоширати бомуваффақият шумо бояд қоидаҳои зерини рафторро дар ҷомеа донед:

1. Ҳангоми сӯҳбат бо шахси ношинос ба ӯ бо одоб «Шумо» муроҷат намудан одат шудааст.

2. Муроҷиатҳои «бародар» ё «хоҳар» барои муошират бо шахсоне, ки хешу табор ё дӯстони наздики шумо нестанд, мувофиқ нестанд.

3. Агар ба шахсе муроҷиат кардан лозим бошад, ҳатман ибораҳои «салом» ва «хайр»-ро истифода баред. Агар ба шумо ҳамин тавр муроҷиат кунанд, ба шумо лозим меояд, ки ба ин ҷавоб диҳед, вагарна он метавонад ҳамчун дағалӣ ва беэҳтиромӣ қабул карда шавад ва боиси муноқиша гардад.

4. Агар аз шахси ношинос чизе пурсидан хоҳед, ба ҷои салом, метавонед барои халалдор кардани ӯ узр пурсед. Масалан, «Бубахшед, Шумо мтавонед ба ман кӯмак расонед?», «Бубахшед, дорухона дар куҷо воқеъ аст?», «Бубахшед, ҳозир соат чанд аст?».

5. пас аз он, ки шахс ба шумо ёрӣ расонил, ӯро бояд миннатдорӣ намуд, бо ибораи: “Раҳмат” ё “Ташаккур ба Шумо!”.

6. Агар ба шумо кӯмак ё луқма лозим бошад, метавонед дар ҷои ҷамъиятӣ ба ҳар шахси ношинос муроҷиат кунед - онҳо ҳатман ба шумо кӯмак мекунанд. Аммо агар бинед, ки шахс банд аст (бо кӯдак сайругашт мекунад, бо телефон сӯҳбат мекунад, китоб мехонад), беҳтар аст, ки ба ӯ охирин маротиба муроҷиат намоед, то халал нарасонед.

Унсури муҳими нигоҳ доштани тартибот- ин нигоҳ доштани хомӯшӣ аст! Дар Русия қонунан соатҳо муқаррар шудаанд, ки дар онҳо садо баланд манъ аст ва барои риоя накардани ин қоида муҷозот пешбинӣ шудааст.

Асосҳои рафтор дар нақлиёти ҷамъиятӣ:

1. Байни ҳамдигар баланд гуфтугӯ кардан, бо телефон бо алоқаи баланд ё видеонавор гапзанон кардан.

2. Бо ронанда гап задан, ӯро аз рондан ва назорати роҳ парешон кардан мумкин нест.

3. Мусиқиро бе истифодаи гӯшмонакҳо гӯш кардан.

4. Партофтани партов ва ифлоскунии фазои ҷамъиятӣ.

5. Дар сарулибоси ифлос савор шудан.

6. Хӯрдан ва нӯшидани нӯшокиҳои машруботӣ.

7. Тамоку кашидан.

Тамоку кашидан ва машрубот нӯшидан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Русия тамоман манъ аст. Барои тамокукашӣ махсус ҷойҳои ҷудошуда, ки дар он ҷоба одамони дигар халал нарасонида тамоку кашидан мумкин аст, мавҷуданд. Барои нӯшидани машрубот инчунин ҷойҳои махсус ҳастанд – қаҳвахона, бар, тарабхонаҳо. Агар шумо ин корҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷро намоед, ба шумо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима нависта мешавад! Андозаи ҷарима аз 500 то 3000 рублро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи шаҳрҳои Русия системаи "Шаҳри бехатар» кор мекунад. Он дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳавлии биноҳои истикоматӣ назорати доимиро таъмин намуда, бехатарии ҳар як сокини шаҳрро нигоҳ медорад. Пас, чун қоида, барои полис зуд пайдо кардани вайронкор душвор нест.

Баръакс, дар нақлиёти ҷамъиятӣ чӣ бояд кард:

1. Халтаҳо ва борхалтаҳоро гирифта, онҳоро дар нақлиёт чунон доштан лозим аст, то ба дигарон халал нарасонанд.

2. Ба калонсолон, пиронсолон, кӯдакони хурдсол ва занони ҳомиладор ҷой додан. Агар дар нақлиёт ҷойҳои холӣ барои нишастан мавҷуд бошанд, аввал маҳз ҳамин мусофирон, баъд занон ва танҳо баъд мардон мешинанд.

3. Вақте ки нақлиёти ҷамъиятӣ меистад, аввал мусофирон аз он берун мешаванд ва пас аз он мусофирони нав ба дохили он медароянд. Ин инчунин ба ҳама ҷойҳое тааллуқ доранд, ки дар доранд: одамон бояд аввал аз он берун шаванд, то дигарон оромона дохил шаванд;

4. Агар шумо фахмед, ки дар истгохи навбатй фуромадан лозим аст, пешакӣ ба назди баромадгохи наклиёт равед, то дар лаҳзаи охир дигаронро тела надиҳед. Шумо инчунин метавонед аз дигар мусофирон пурсед, ки оё онҳо дар истгоҳи навбатӣ мефароянд, то бифаҳмед, ки оё шумо бояд аз онҳо канорагирӣ кунед.

5. Барои наафтидан дастакҳоро қапидан ҳатмист.

Мусофирон барои пардохти ҳаққи сафар, яъне харидани чипта вазифадоранд. Чиптаҳоро кондуктор (шахси махсус дар нишемани нақлиёти ҷамъиятӣ) ё ронанда мефурӯшад. Дар шаҳрҳои калон мусофирон метавонанд барои сафар тавассути терминали бонкӣ дар нақлиёт маблағ пардохт кунанд. Агар маблағи роҳкироро надиҳед, шумо бояд ҷарима супоред. Ҷарима ҳамеша аз харидани чипта гаронтар аст.

Асосҳои рафтор дар кӯча

Ҳангоми дар кӯча/дар боғ будан чӣ кор кардан мумкин нест:

1. Гузаштан дар роҳи мошингард (дар ҷое, ки мошинҳо ҳаракат мекунанд) хатарнок аст.

2. Баланд гуфтугӯ кардан, дод задан, даст ҷунбондан, муноқиша кардан (муҳим нест, бо кадом забон).

3. Бо телефон бо алоқаи баландгӯяк ё видеонавор гапзанон кардан.

4. Мусиқии баландро гӯш кардан/ навори баландро бе истифодаи гӯшмонакҳо тамошо кардан.

5. Ба кӯча луч ё нимлуч баромадан (танҳо бо шим (шортҳо) ва шиппакҳо.

6. Партофтани партов (берун аз қутти партов ва устадон) туф кардан, пӯчоқи чормағз ё донаи офтобпарастро партофтан.

7. Аз байни тӯдаи одамон гузаштан, дар кӯчаи серодам давидан, одамони дигарро ба як сӯ тела додан (беҳтараш дар атрофи он гардиш кардан).

8. Дар майдончаҳои бачагона ва назди даромадгоҳҳо ба моликияти шаҳр зарар расондан, боғҳоро вайрон кардан, ба девори хонаҳо навиштан ва кашидан, шикастани шишаҳои мошинҳо, ниҳолҳои гулзорҳои кӯчаҳо ва ғайра.

9. Эҳтиёҷоти физиологиро ба ҷо овардан (ба ҳоҷатхона рафтан).

10. Гурӯҳҳои калонро ҷамъ кардан, дар даромадгоҳ ё баромади мағоза, қаҳвахона, биноҳои истиқоматӣ ва ғайра истодан (нишастан), нисбат ба роҳгузарон низ таҷовуз кардан.

11. Роҳгузаронро бо забони модарии худ муҳокима кардан, дар ҳузури одамони дигар ба забони модарии худ пичирросзанӣ кардан ва инчунин бо ангушти худ онҳоро нишон додан. Ин метавонад боиси нофаҳмиҳо шуда ва боиси низоъ гардад.

12. Ҳар як мамлакат суннатҳои фарҳангӣ, урфу одат ва қоидаҳои рафтори худро дар ҷомеа дорад ва баъзе чизҳое, ки ба назари шумо муқаррарӣ менамоянд, барои русҳо қобили қабул нест ва баръакс.

Инчунин бояд дар хотир дошт, ки Русия – ин давлати дунявӣ ва сермиллат аст. Дар Русия ягон дини давлатӣ ё бартарии ягон дин бар қонунҳо вуҷуд надорад, бинобар ин ҳангоми дахл кардан ба мавзӯъҳои динӣ эҳтиёт шавед. Барои тағйир додани Конститутсияи Русия ва бар хилофи қонунгузории Русия аз рўи қонунҳои шариат зиндагӣ кардан кӯшиш кардан лозим нест.

Аксарияти сокинони Русия православӣ мебошанд. Аммо ҳамчунин дар байни мардуми маҳаллӣ, ки дар мамлакати мо зиндагӣ мекунанд, мусулмонҳо, буддоиҳо ва намояндагони дигар динҳо ҳастанд, бинобар ин, ҳангоми дар Русия будан шумо бояд ба ҳама динҳо ва миллатҳо бо муносибат кунед.

Дар Русия нишон додани муносибат ба ягон дин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қабул нест, (иҷро кардани маросимҳои динӣ дар кӯча, баргузории намоз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хондани намоз ва ғайра). Барои ин ҷойҳои махсус вуҷуд доранд - маъбадҳо, масҷидҳо, калисоҳо, синагогаҳо, намозхонаҳо ва ғайра.

Ҳамаи муассисаҳои давлатӣ дар Русия, бахусус мактабҳо ва беморхонаҳо дунявӣ мебошанд. Ва агар шумо гоҳе бо кӯдакон ба Русия омада бошед ва нақшаи ҷойгир кардани онҳоро дар муассисаи таълимӣ дошта бошед, дар хотир доред, ки мактаб метавонад аз шумо пӯшидани либоси мактабии муқарраршударо талаб кунад ва аз иштирок дар дарсҳо бо либоси диниро манъ кунад. Ин қонунӣ аст!

Қурбонии ҳайвоноти ҷамъиятӣ дар Русия қатъиян қобили қабул нест. Ин боиси ҷавобгарии маъмурй мегардад.

13. Дар Русия гирифта гаштани силоҳи оташфишон ва силоҳи болдор манъ аст. Ин метавонад ҳам барои шумо ва ҳам барои дигарон хатарнок бошад. Ҳамчунин, масалан, суннати тирпарронӣ ба ҳаво дар тӯй дар Русия қобили қабул нест ва метавонад боиси парвандаи додгоҳӣ шавад.

14. Ҳамчунин дар ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихӣ дар назди муҷассамаҳо, мавзеъҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ғайра рафтори иғвоангезона накардан. Дар Русия барои хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша муносибати махсус зоҳир карда мешавад ва он аз насл ба насл мегузарад. Аз ин рӯ, дар назди ёдгориҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла Оташи абадӣ бояд муносиб ва эҳтиромона рафтор кард ва таҳқири онҳо ҷазои сахт дорад.

15. Дар Русия паҳн кардани нос ва дигар маводҳои мухаддир бо мақсади ғайритиббӣ манъ аст. Духтурон носро як навъи хатарноки нашъа эътироф кардаанд, ки одатиро ба амал меорад ва боиси саратони шуш, даҳон, ҳалқ ва меъда мегардад. Оқибатҳои истифода ин дарди сар, беҳушӣ ва беқувватӣ мебошанд.

Асосҳои рафтор бо ҷинси муқобил (мард-зан)

Муносибат ба занҳо дар Русия хеле эҳтиёткорона аст ва онҳо баробари мардон ҳуқуқ доранд, аз ин рӯ, ба онҳо мувофиқи талаб бояд муносибат кард.

1. Дар Русия бисёрзанӣ ва бисёршавҳарӣ манъ аст. Мард ё зан метавонад танҳо як шарики қонунӣ дошта бошад.

2. Издивоҷ дар Русия танҳо байни зану мард эътироф мешавад. Дар мамлакат издивоҷи ҳамҷинсгароён манъ аст ва ҷунбиши ЛГБТ+ ифротӣ маҳсуб мешавад.

3. Дар Русия танҳо иттиҳодияе, ки дар мақомотҳои САҲШ ба қайд гирифта шудаанд, никоҳи расмӣ эътироф карда мешавад. Издивоҷи динӣ расмӣ ҳисобида намешавад.

4. Дар Русия ақди никоҳи сохта манъ аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин иттиҳодияро шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо мақсади ғаразнок – барои гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Русия ба қайд гиранд. Ҳангоми ошкор шудани ақли никоҳи сохта ҷинояткорон ба оқибатҳои вазнин дучор мешаванд ва дигар имкони гирифтани шаҳрвандӣ пайдо намекунанд.

5. Дар Русия одати ба занон ва мардони ношинос даст расондан нест (даст кардан, ба оғӯш кашидан, даст ё либос гирифтан ва ғ.) ё зоҳир кардани таваҷҷӯҳи бештар ба кӯдакон. Чунин амалҳоро ҳамчун таъқиб ҳисобидан мумкин аст. Маҷбур кардан ба содир кардани кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ бо ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ҷазо дода мешавад.

6. Занҳо дар Русия ба таври анъанавӣ либосҳои равшан ва баъзан кушодро мепӯшанд, ки ин мазаммат нест ва ба меъёр мувофиқ аст, на ба омодагӣ ба мулоқот.

7. Набояд садоҳое барои ҷалб намудани диққати зан ё марди маъқулшударо бароред (хуштак кашидан, хомӯш гуфтан ва ғ.).

8. Тавсия дода намешавад, ки занону мардони ношиносро ба тарабхона, меҳмондорӣ ва сайругашт даъват кунед.

9. Зӯроварӣ, махсусан ба занон манъ аст, ба пиронсолон ва кӯдакон.

Бо дигарон ҳамеша боодоб ва хушмуомила бошед! Дар хотир доред, ки мамлакати моро аз рӯи рафтор ва намуди зоҳирии шумо баҳо медиҳанд!

Алоқаҳои муҳим

Раёсати ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Русия дар вилояти Оренбург:

Бахши МФДФ «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Прокуратураи вилояти Оренбург:

Прокурори навбатдор:

МХД «Маркази бисёрфунксионалии пешниҳодкунии хизматҳои давлатӣ ва мунисипалии вилояти Оренбург»: