Вуруд ба россия

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ

Патент барои кор

Вуруд ба Россия

Ҳуқуқи вуруд ба ФР:

Барои шаҳрвандони хориҷӣ барои ворид ба Русия реҷаи раводидӣ амал менамояд.

Истисноҳо:

• раводид барои ворид ба шаҳрвандони: Озорбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон лозим нест.

• Шаҳрвандони Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Федератсияи Русия по шиносномаҳои дохилии мамлакати худ ворид шуда метавонанд.

Мӯҳлати будубоши муваққатии шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия аз 1 январи соли 2025 дар давоми 1 соли тақвимӣ 90 рӯзро ташкил медиҳад.

Барои дар мамлакат зиёда аз 90 шабонарӯз мондан асоси қонунӣ доранд:

• шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус;
• шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор шаҳодатнома доранд;
• шаҳрвандони хориҷие, ки шартномаи меҳнатӣ (аз рӯи қоида, ин шаҳрвандони иштирокчиёни ИИАО);
• шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош дар муддати 1 сол ҳуқуқ доранд (аз рӯи қоида, ин шаҳрвандони хориҷие мебошанд, ки дар Русия аз дохили шаҳрвандони ФР хешутабор ё ин ки НМИ доранд);
• шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозатномаи муваққатии истиқоматӣ ( ИМИ) доранд;
• шаҳрвандони хориҷие, ки дорои иҷозатномаи муваққатии истиқоматӣ бо мақсади гирифтани дониш (ИМИД) мебошанд;
• шаҳрвандони хориҷие, ки намуд барои истиқомат (НИ) доранд;
• шаҳрвандони хориҷие, к ибо ариза барои гирифтани ИМИ муроҷиат намудаанд;
• шаҳрвандони хориҷие, к ибо ариза барои гирифтани ИМИД муроҷиат намудаанд;
• шаҳрвандони хориҷие, ки бо ариза барои гирифтани НМИ муроҷиат намудаанд

Шартҳои будубош дар ҳудуди ФР, ки Шумо беихтиёрона ҳангоми ворид шудан ба Русия розӣ мешавед:

• эҳтиёткорона ба муҳити зист, сарватхои табиӣ, сарватҳои моддию мадании Федератсияи Русия муносибат кардан;

• гуногуншаклии тарзҳои зиндагии минтақавӣ ва этнофарҳангии аҳолии Федератсияи Русияро эҳтиром намудан;

• ба амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Федератсияи Русия, ба фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатии Федератсияи Русия ва шахсони мансабдори онҳо халал нарасонидан;

• дахолат накардан ба сиёсати берунӣ ва дохилии давлатии Федератсияи Русия, аз ҷумла анҷом надодан ба амалҳое, ки ба қабул, тағйир додан ё бекор кардани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд;

• арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқии рус, аз ҷумла ақидаҳоро дар бораи издивоҷ ҳамчун пешниҳод дар бораи ақду никоҳи зану мард ҳамчун иттиҳод, оила, модарӣ, падарӣ, кӯдакиро эҳтиром кунанд, талаботеро риоя кунанд, ки ҳақиқати таърихиро дар бораи корнамоии халқи шӯравӣ дар муҳофизати Ватан ва саҳми онҳо дар ғалаба бар фашизм таҳриф кардан мумкин нест;

• аз маблағгузорӣ ва ё ба таври дигар мусоидат ба фаъолиятҳое, ки ҳамаи шартҳои дар боло зикршудаи будубош дар Русияро вайрон мекунанд, худдорӣ намудан.

Ҳангоми ворид шудан ба Русия, бояд як қатор ҳадафҳоро гузашт:

1. Корти муҳоҷиратиро (дар рӯзи воридшавӣ) пур кардан;

2. Хабарнома оиди гузоштан ба қайди муҳоҷиратиро (бақайдгириро ба расмият даровардан) (дар мӯҳлати 7 – 15 рӯз вобаста аз мамлакати воридшавӣ) гирифтан;

3. Патентро (дар мӯҳлати 30 рӯз аз рӯзи воридшавӣ) ба расмият даровардан. Барои ин инчунин зарур аст:

3.1. Тартиби ҳатмии давлатии гирифтани изи ангушт ва бақайдгирии аксбардориро анҷом додан (дар давоми 30 рӯз);

3.2. Оиди мавҷудияти бемориҳои хатарнок аз муоинаи тиббӣ гузаштан (дар давоми 30 рӯз);

3.3. Маблағи патентро дар муддати аз 1 то 12 моҳро пардохт намудан.

4. Шартномаи меҳнатӣ бастан ва ба ВКД Русия оиди бок ор таъминшавии худ (дар муддати ду моҳ аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома) хабарнома ирсол намудан;

5. Баъди гузаштани ҳамаи ин ҳадафҳо шумо бояд бақайдгириро (бақайдгирии муҳоҷиратӣ) ва патентро дар вақташ тамдид намоед, инчунин ҳар сол муоинаи тиббиро гузаред.

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ

Муҳлатҳои ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан:

• барои шаҳрвандони Беларус ва Украина – то 90 рӯз;

• барои шаҳрвандони кишварҳои ИИАО воридшаванда (Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) - 30 рӯз;

• барои шаҳрвандони Тоҷикистон – 15 рӯз;

• боқимондагон (аз он ҷумла шаҳрвандони Ӯзбекистон) – 7 рӯз.

МУҲИМ АСТ! Ба қайди муҳоҷиратӣ дар он минтақае, ки дар он Шумо кор ва истиқомат хоҳед кард, истодан лозим аст. Инро ба ҷойи истиқомати аслӣ кардан лозим аст, дар акси ҳол Шуморо ба ҷавобгарӣ кашида ва ҷарима баста метавонанд!

Гузоштан ба қайди муҳоҷиратиро ҷониби қабулкунанда амалӣ мекунад - шуморо дар суроғаи худ шахси ҷисмонӣ ё ки ташкилоте, ки дар он Шумо кор карданиед, яъне оне, ки ба Шумо ман-зилро пешкаш мекунад, ба қайд гузошта метавонад.

Ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии муҳоҷиратӣ лозима:

• нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиноснома, ки иттилоот дар бораи убури сарҳадро доранд;

• нусхаи корти муҳоҷиратӣ (ба ғайр аз шаҳрвандони Беларус);

• полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;

• нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодабарии манзил (масалан, ҳуҷҷат барои ҳуқуқи амвол, иҷора).

Барои ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҷои будубош гузоштан бояд ба ин ҷо муроҷиат намуд:

• шӯъбаи оид ба масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ;

• марказҳои бисёрфунксионалии пешниҳодкунии хизматрасониҳои давлатӣ;

• шӯъбаҳои Почтаи Россия.

Барои ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан лозим аст:

• пуркунии шакл-хабарнома дар бораи омадани Шумо ба ҷойи будубош ва равона кардани он ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург;

• гирифтан ва бо худ нигоҳ доштани бланки буридашавандаи хабарнома дар бораи омадан бо қайди гузошташуда оиди қабул гардидани ҳуҷҷатҳо.

МУҲИМ АСТ! Ба миёнравон муроҷиат накунед! Ба шумо бақайдгирии қалбакиро ба расмият дароварда метавонанд. Барои вайронкунии қоидаҳои вуруд ва қоидаҳои будубош - ҷарима аз 2 то 5 моҳ ҳазор рубл бо берункунии эҳтимолӣ аз Россия ва таъқиқ барои вуруд дар давоми 5 сол.

Пуркунии корти муҳоҷиратӣ

Корти муҳоҷиратӣ ҳангоми гузаштани сарҳад пур карда мешавад. Ин ҳуҷҷат ҳуқуқи будубоши шаҳрванди хориҷиро дар Русия таслиқ менамояд.

МУҲИМ АСТ! Дар корти муҳоҷиратӣ мақсади воридшавӣ: «Кор», Шахсӣ», «Хондан» ва ғ.- ро инъикос намудан.

Варақаи корти муҳоҷиратӣ ройгон дода мешавад ва бояд пеш аз гузаштан аз назорати шиноснома пур карда шавад. Варақаро кормандони хадамоти сарҳадӣ, инчунин ҳайати ҳавопаймо, ходими қатора ё ронандаи автобус дода метавонанд.

• Агар корти муҳоҷиратӣ корношоям (дарида, доғдор) ё гум шуда бошад, бояд дар давоми се рӯзи корӣ ба шӯъбаи наздиктарини ВКД Русия хабар додашуда, аризаи дахлдор навишта шавад. Дар муддати се рӯзи корӣ нусха дода мешавад.

Муҳим аст! Нусха ройгон дода мешавад. Кортҳои муҳоҷиратӣ дар ҳудуди Русия фурӯхта намешаванд!

• Корти муҳоҷирати қалбакӣ (харидашуда) аз санҷиш дар пойгоҳи расмӣ намегузарад. Пешниҳоди корти муҳоҷирати қалбакӣ бо ҷаримаи маъмурӣ аз 2 то 5 ҳазор рубл ва ихроҷ аз Русия муҷозот мешавад!

• Дар корти муҳоҷиратӣ мақсади воридшавӣ ба Русия нишон дода мешавад.

• Барои тағйир додани мақсад аз «Шахсӣ» ба «Кор», бояд ариза барои ба расмиятдарории патент дода шавад (бе ҷарима танҳо 30 шабонарӯзи аввалин баъди воридшавӣ ба Русия мумкин аст). Ҳангоми гирифтани он дар пойгоҳи ВКД Русия мақсади воридшавӣ ба таври автоматикӣ тағйир меёбад.

• Барои шаҳрвандони мамлакатҳои ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон) барои тағйир додани мақсади воридшавӣ бояд шартномаи меҳнатӣ ё мурофиавӣ-меҳнатӣ баста шуда, корфармои онҳо ба ВКД Русия хабарнома диҳад.

Гирифтани хабарнома оиди гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ (бақайдгирӣ).

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ – ин хабарномаи хадамотҳои муҳоҷиратӣ оиди ҷойи зист, будубош, инчунин оиди ҷойивазкуниҳо дар дохили мамлакат мебошад.

Мӯҳлати баҳисобгирӣ ба қайди муҳоҷиратӣ:

• барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - 15 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба Русия.

• барои шаҳрвандони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон – 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба Русия.

• барои шаҳрвандони мамлакатҳои боқимонда – 7 рӯз.

Гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ аз тарафи қабулкунанда (яъне шахс ё ташкилоте, ки шумо ташриф меоред) амалӣ карда мешавад.

Агар шумо дар меҳмонхона ё хобгоҳ зиндагӣ кунед, кормандон мустақилона шуморо ба қайди муҳоҷиратӣ мегузоранд. Айнан ҳамин ҳолат ба вазъияте дахл дорад, ки корфармоятон ба шумо ҷои зист пешниҳод менамояд. Агар шумо худатон манзилро ба иҷора гиред, дар ин ҳолат соҳиби манзил шуморо бояд ба қайди муҳочиратӣ гузорад.

Бақайдгирии муҳоҷиратии аввалин ба мӯҳлати на зиёда аз 90 рӯз аз лаҳзаи гузаштани сарҳад ба расмият дароварда мешавад ва барои кор дар Федератсияи Русия ҳуқуқ намедиҳад. Баъди 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст мамлакатро ба муддати 3 моҳ тарк намояд, ё ин ки бақайдигириро ҳангоми будани асосҳо тамдид намояд.

Мустақилона ба бақайдгирии муҳоҷиратӣ бо шартҳои зерин гузоштан мумкин аст:

• дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрноки бо ҳуҷҷат исбот шуда, ки ба қабулкунанда барои мустақилона фиристодани хабарнома халал мерасонанд;

• агар шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия хонаи истиқоматӣ дошта бошад;

• агар хонаи истиқоматии ба шаҳрванди хориҷӣ додашуда ба шаҳрванди Федератсияи Русия, ки дар хориҷи кишвар доимӣ истиқомат дораду ба шаҳрванди хориҷӣ, шахси ҳуқуқии хориҷӣ ё дигар ташкилоти хориҷии воқеъ дар берун аз ҳудуди Русия тааллуқ дошта бошад;

• шаҳрванди хориҷие, ки дар Федератсияи Русия ба таври доимӣ истиқомат мекунад, бо розигии хаттии тарафи қабулкунанда ҳуқуқ дорад дар бораи воридшавии худ ба маҳалли будубош мустақилона хабар диҳад.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии муҳоҷиратӣ:

• нусхаҳои ҳамаи саҳифаҳои шиносномае, ки дорои маълумот дар бораи шаҳрванди хориҷӣ мебошад, ва саҳифаҳое, ки қайдҳои гузаштани сарҳадҳоро доранд;

• нусхаи корти муҳоҷиратӣ (ба ғайр аз шаҳрвандони Беларус);

• нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи хонаи истиқоматӣ (масалан, ҳуҷҷати ҳуқуқ ба моликият, шартномаи истифодаи бепули хонаи истиқоматӣ, иҷора, зериҷора).

Барои гузоштан ба бақайдгирии муҳоҷиратӣ ба ҷои зист бояд муроҷиат намуд:

• ба зершӯъба оид ба масъалаҳои муҳоҷирати мақомотҳои минтақавии ВКД Русия дар сатҳи ноҳиявӣ;

• ба марказҳои бисёрфунксионалии пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ;

• ба шӯъбаҳои Алоқаи Русия.

• ба корхонаи зертобеи - филиал дар вилояти Оренбурги КВФД «Хизматрасонии шиносномавӣ- раводидӣ»-и ВКД Русия (ш.Оренбург, кӯч. Хати 75-ум/хати 16-ум, х. 1/14).

Имконияти пешниҳоди хабарнома оиди воридшавӣ ба ҷои зист ба таври электронӣ бо истифода аз системаи федералии давлатии иттилоотии "Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва мунитсипалӣ" (ПЯХД) мавҷуд аст.

Баъди гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ бояд қисми кандашудаи хабарномаи воридшавиро гирифт - ин ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрванди хориҷӣ мебошад. Он метавонад дар шакли электронӣ бошад, агар ариза тавассути портали Хадамоти давлатӣ пешниҳод карда шуда бошад, ё дар варақаи ҷудошуда, агар ариза дар шӯъбаҳои ВКД Русия ё Маркази бисёрфунксионалӣ (МБФ) пешниҳод карда шуда бошад.

Дар ҳолати корношоям ё гум шудан бояд ҳуҷҷати мазкур аз нав гирифта шавад. Барои ин ба мақомоте, ки дар он бақайдгирии муҳоҷиратӣ ба расмият дароварда шудааст, муроҷиат намудан лозим аст. Ҷарима барои гум кардан, корношоям шудани бақайдгирӣ ба назар гирифта нашудааст.

Асосҳо барои тамдиди мӯҳлати будубош дар Русия чунин ҳолатҳо мебошанд:

• агар ариза ё дигар намуди ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатномаи истиқоматии муваққатӣ ё намуд ба истиқомат қабул шуда бошанд;

• агар ариза барои гирифтани хабарнома оиди имконияти қабул ба шаҳрвандии Федератсияи Русия шаҳрванди хориҷии дорандаи забони русӣ эътироф шуда, қабул шуда бошад;

• агар ариза-дархост аз ҷониби корфармо ё фармоишгари корҳо (хизматрасониҳо) барои ҷалби шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ ба сифати мутахассиси баландихтисос ё аризаи корфармо ё фармоишгари кор (хизматрасонӣ) дар бораи тамдиди мӯҳлати амали иҷозати кор ба чунин мутахассиси баландихтисос дода шуда, пешниҳод шуда бошад.

Ҷаримаҳо барои вайрон кардани мӯҳлати будубоши муваққатӣ аз 2 то 7 ҳазор рубл мебошад. Имконияти ихроҷ аз кишвар бо мамнӯъияти вуруд ба Русия то 10 сол мавҷуд аст.

Агар шумо ба Русия барои кор омада бошед, шумо метавонед мӯҳлати будубоши расмии худро аз рӯи мӯҳлати патенти худ тамдид намоед. Мӯҳлати гузоштан ба бақайдгирии муҳоҷиратӣ аз рӯзи гузаштани сарҳад, на балки аз рӯзи воридшавӣ ба ҷои муқаррашуда ҳисоб карда мешавад.

МУҲИМ АСТ! Ба миёнравҳо муроҷиат накунед! Ба Шумо метавонанд бақайдгирии қалбакиро ба расмият дароваранд. Барои вайронкунии қоидаҳои воридшавӣ ва реҷаи будубош – ҷарима аз 2 то 5 ҳазор рубл бо имконияти ихроҷ аз Русия ва мамнуъ ба воридшавӣ дар муддати 10 сол мебошад.

Патент барои кор

Патент – ин ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷиро барои фаъолияти кории мувққатии субъект дар Федератсияи Русияро тасдиқ менамояд.

Патентро барои кор барои шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озорбойҷон, Молдова ба расмият даровардан зарур аст. Шаҳрвандони мамлакатҳои ба ИИАО ворид шуда (Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон) метавонанд фаъолияти кориро бе ба расмиятдарории патент ба амал оранд.

Патент ба мӯҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад. Ҳангоми ба охиррасии мӯҳлати он ё аз нав ба расмият даровардан ё ин ки аз Русия баромадан зарур аст.

Мӯҳлати гирифтани патент: дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба ФР, дар акси ҳол барои вайрон намудани мӯҳлати гирифтани патент аз 10 то 15 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад.

Патент аз тарафи Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Русия дар вилояти Оренбург ба расмият дароварда мешавад ва танҳо дар ҳудуди вилоят амал менамояд. Танҳо аз рӯи ихтисосе, ки дар ппатент инъикос ёфтааст, кор карда н мумкин аст.

МУҲИМ АСТ! Барои кор аз рӯи ихтисоси дар патент инъикос наёфта баровардани ҷарима аз 2 то 5 ҳазор рубл мумкин аст.

Арзиши патент дар вилояти Оренбург дар соли 2025 6724 рубл дар як моҳро ташкил медиҳад.

Пардохт дар ҳама шӯъбаҳои бонки суғуртавии ФР аз рӯи тафсилотҳои мақомоти андоз ба расмият дароварда мешавад. Пардохти патент дар шакли пешпардохти муқарраршуда ҳар моҳ ё ба мӯҳлати дарозтар пардохта мешавад. Патентро метавон пеш аз гирифтани он пардохт намуд, на пеш аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо. Мӯҳлати амали патент дар ҳолати напардохтани маблағи пешпардохти муқаррашуда барои моҳи оянда қатъ карда мешавад.

Барои пардохти патент ба Шумо РМА (Рақами мушаххаси андозсупоранда) лозим мешавад. Ҳамчунин зарур аст, ки корфармо минбаъд барои шумо андози даромад аз шахсони воқеъиро супорад (АДШВ).

РМА яккарата ба расмият дароварда шуда доимӣ мебошад, шумо метавонед онро ба даст оред:

• шахсан ба мақомоти андоз муроҷиат намуда;

• ҳуҷҷатҳои лозимиро тавассути алоқаи почта бо мактуби фармоишӣ бо хабарнома оиди қабул кардан фиристода;

• дархостро бо ёрии хадамот дар сомонаи ХАФ Русия пешниҳод намуда: (https://service.nalog.ru/zpufl/);

• тавассути хадамоти давлатӣ дар сурати мавҷуд будани сабт дар портал. Барои ба расмиятдарории РМА ба шумо лозим аст: ҳуҷҷати атслиқкунандаи шахсияти шумо (шиноснома) ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи шумо барои истиқомат (будубош) дар мамлакат (хабарнома оиди гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ).

Мӯҳлати дида баромадани ариза аз тарзи пешниҳоди он вобаста аст. Мақомоти андоз гузоришро ба қайд дар муддати 5 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани маълумотҳои зарурӣ амалӣ менамояд. Мӯҳлати дида баромадани ҳуҷҷатҳо тавассути хадамоти давлатӣ то 20 рӯзи кориро ташкил медиҳад.

Барои ба расмиятдарории патент ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

• ариза оиди гирифтани патент (варақаи ариза ва намунаи пур кардани онро дар сомонаи –вкд.рф дар боби «хизматарсониҳои давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират» дида зеркашӣ карда метавонед);

• расм (3х4, ранга, беҷило);

• шиноснома (+ нусха) ва тарҷумаи аз тарафи нотариат тасдиқшудаи он ба забони русӣ;

• корти муҳоҷиратӣ бо инъикоси кор ҳамчун мақсади ташриф ба Федератсияи Русия (шаҳрванди хориҷии ба ФР ворид шуда бо мақсадҳои новобаста ба иҷрои фаъолияти меҳнатӣ, ҳуқуқ дорад дар сурати тағйир ёфтани мақсади ташрифи худ ба Федератсияи Русия, ки дар ариза оиди гирифтани патент нишон дода шудааст, фаъолияти меҳнатиро пеш барад;

• шартнома (суғурта) оид ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) ё шартномаи хизматрасонии пулакии тиббӣ, ки бо ташкилоти тиббии ваколатдор баста шудааст (барои давраи пешбинишавандаи кор). Чунин шартномаро беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и шаҳри Оренбург, беморхонаи клиникии шахрии ба номи. Н.И. Пригов-и шаҳри Оренбург, беморхонаи шаҳрии № 1 шаҳри Орск, инчунин ҳамаи беморхонаҳои ноҳиявии вилоят барои бастан ваколатдоранд.

• хулосаи тиббии тасдиқкунандаи набудани касалии нашъамандӣ ва касалиҳои сирояткунанда, инчунин шаҳодатнома оиди набудани сирояти ВНМО. Гузаштани муоинаи тиббӣ дар муддати 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба мамлакат зарур аст. Ҳуҷҷат оиди гузаштани он дар муддати 12 моҳ аз рӯзи гирифтани он эътибор дорад. Муоинаи тиббиро ҳар сол гузаштан зарур аст.Баъди гузаштани мӯҳлат 30 рӯз барои гузаштани он дода мешавад. Ба муоинаи тиббӣ муоинаи духтури касалиҳои дарунӣ, фтизиатр, фтизиатр, духтури пӯсту таносул, духтури касалиҳои руҳӣғнарколог ва сироятчӣ дохил мешаванд. Инчунин таҳлилҳоро супоридан зарур аст: таҳлили хун ба сирояти ВНМО, сифилис ва таҳлили клиникии хун, таҳлили пешоб барои мавҷудияти маводҳои психотропӣ ва таҳлили умумии пешоб, ташхиси флюрографии қасаи сина, таҳлили балғам ва луобпардаи бинӣ;

• ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донандаи забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории Русия (агар шумо дониш гирифта бошед на апст аз асосии умумӣ) дар ҳудуди РССС то 1 сентябри соли 1991 ё дар ҳудуди Русия баъди 1 сентябри соли 1991, он гоҳ пешниҳоди нусхаи аслии ҳуҷҷат оиди тамом кардани муассисаи таълимӣ кифоя аст).

Курсҳо дар вилояти Оренбург, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд омӯзиши заруриро барои санҷиши донистани забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории Русия гиранд:

Маркази мутобиқсозии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ: суроға: ш. Оренбург, кӯч. хати 75, б 1, ошёнаи 6, соати корӣ: 9:00-18:00.

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Оренбург: курсҳо барои омода кардани муҳоҷирон ба имтиҳони ҳамаҷониба аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия. Суроға: ш. Оренбург, кӯч. Пушкинская, б.18, ошёнаи 2, ут. 216, телефон 8 (3532) 77-76-29; 77-20-94. Мӯҳлати омӯзиш – 3 моҳ (72 соат). Оғози машғулиятҳо – аз рӯи маҷмӯъкунии гуруӯҳҳо. Арзиши таълим: аз 1500 руб. (6 соати таълимӣ) то 9000 руб. (72 соати таълимӣ). Пардохти таълим тавассути бонки суғуртавии ФР амалӣ карда мешавад.

Марказҳои давлатии санҷишӣ дар вилояти Оренбург барои қабули имтиҳонҳо ҳамаҷониба ваколатдоранд:

• Донишгоҳи давлатии омӯзгории Оренбург, ш. Оренбург, кӯч. Пушкинская, б.18, ошёнаи 2, ут. 216, телефон 8 (3532) 77-76-29; 77-20-94. Қабули ҳуҷҷатҳо барои гузаштани санҷишҳо ҳар рӯз (ғайр аз рӯзи якшанбе) аз саоти 10-00 то 16-00 гузаронида мешаванд. Гузаронидани санҷиш – аз рӯи маҷмӯъкунии гурӯҳҳо.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:
1. Ариза;
2. Нусхаи шиноснома;
3. Нусхаи корти муҳоҷиратӣ;
4. Расид оиди пардохт. Арзиши санҷиш – аз дараҷаи имтиҳон вобаста аст: аз 2400 то 5900 рубл.

• Донишкадаи давлатии менеҷменти Оренбург: ш.Оренбург, кӯч. Волгоградская, 16, тел. : 8 (3532) 305-000;

• Донишгоҳи давлатии Оренбург: 8 (3532) 77-67-70 460018, ш.Оренбург, роҳг. Ғалаба, б.14, тел. : 8 (922) 853-88-14.

Ҳангоми гирифтани патент ба шумо лозим меояд, ки тартиби бақайдгирии ҳатмии давлатии дактилоскопиявӣ (изи ангуштонро супоридан)ва расмгириро гузаред.

Гузаштани чунин тартиб дар муддати 30 рӯз аз рӯзи воридшавӣ бо мақсади кор ё ин ки дар муддати 90 рӯз, агар ба муддати дароз бо дигар мақсадҳо ворид шуда бошед, зарур аст. Тартиби ҳатмии давлатии дактилоскопиявии бақайдгирӣ ва расмгирӣ яккарата бе ситонидани маӣлағ новобаста аз миқдори воридшавӣ/беруншавӣ ба Федератсияи Русия амалӣ карда мешавад.

Патент дар муддати 10 рӯзи корӣ ва 5 рӯз (дар сурати мавҷуд будани РМА), аз лаҳзаи пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин гузаштани дактилоскопия, ҳангоми муроҷиат барои патент ба расмият дароварда мешавад.

Баъд аз гирифтани патент шумо метавонед шартномиа меҳнатӣ бандед. Дар муддати ду моҳ аз рӯзи гирифтани патент шумо бояд ШАХСАН хабарнома оиди ба амал овардани фаъолияти меҳнатӣ бо замимаинусхаи шартномаи меҳнатӣ ба он ба мақомоти минтақавии ВКД Русия, ки ба шумо патент додааст (он дар қафои патент нишон дода шудааст) пешниҳод намоед. Инчунин шумо метавонед онро ба он ҷо бо воситаи алоқаи почтавӣ бо хабарнома оиди қабул кардан фиристед.

МУҲИМ АСТ! Дар хотир доред, ки дар Федератсияи Русия нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ қоидаҳои ҷиддӣ амал менамоянд: агар хориҷӣ ба ҳудуди ФР зиёда аз 90 шабонарӯз будубош кунаду ҳуҷҷати тасдиқкунандаи будубоши расмии худро ба расмият дароварда набошад, минбаъд ӯро барои воридшавӣ ба Русия ба мӯҳлати то се сол ихроҷ мекунанд. Дар ҳолати агар мӯҳлати амали патенти шаҳрванди хориҷӣ дошта тамдид карда шуда набошад, ё ин ки патенти ба ӯ дода шуда бекор карда шуда бошад, шаҳрванди мазкур дар ҳолати ба охир расидани будубоши муваққатии ӯ дар Федератсияи Русия бояд аз Фнднратсияи Русия берун ояд.

Маслиҳатҳои муфид

• Чипта ё ки талони нишастро, ки бо он ба Россия ворид шудед, маҳфуз нигоҳ доред;

• Ҳамеша бо худ шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент ба корро бо расидҳо оиди пардохт, полиси амалкунандаи тиббиро дошта бошед;Всегда носите при себе паспорт, миграционную карту, регистрацию, патент на работу с чеками об оплате, действующий медицинский полис;

• Ҳамаи саҳифаҳои шиносномаатон, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент, полиси тиббӣ, шартномаи меҳнатиро нусхабардорӣ кунед.

МУҲИМ АСТ! Ҳангоми гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҳар ду қисми хабарнома суроғаи будубош, маълумоти шахсии ҷониби қабулкунанда ва маълумотҳои шахсии Шуморо нишон додан лозим аст. Ҷониби қабулкунанда, агар ӯ шахси ҷисмонӣ бошад, дар бланк имзо мегузорад. Агар ин ташкилот бошад – муҳр ва имзои роҳбар. Баъд аз соҳиби ҷойи кор гардидан бақайдгирии муҳоҷиратиро (қайдро) мунтазам ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ ё ки патенти пардохтгардида ба кор дароз кардан лозим аст.

Супоридани пакети ҳуҷҷатҳо барои ба қайд гузоштани патент дар шаҳри Оренбург аз ҷониби ташкилоти ваколатдори КФФД «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар суроғаи: ш. Оренбург, кӯч. 75 линия/16 линия, х. 1/14, телефон: 44-78-15, ё ки тавассути сабти пешакӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ (www.gosuslugi.ru) ба амал бароварда мешавад.

Пардохт барои патент на дертар аз 1 рӯз то гузаштани ҳар як моҳи пардохтгардидаи кор ворид карда мешавад. Пардохт аз рӯи патентро ба муҳлати то 12 моҳ пеш ворид кардан мумкин аст. Ҳатман дар худ расидҳои тасдиқкунандаи пардохт барои патентро нигоҳ доред.

Дар давоми 2 моҳ баъд аз гирифтани патент Шумо бояд ба Раёсад оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо кордеҳро равона кунед.

Дар ҳолати гумкунии патент Шумо метавонед ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург бо ариза оиди додани нусхаи такрории патент муроҷиат кунед.

• Чипта ё ки талони нишастро, ки бо он ба Россия ворид шудед, маҳфуз нигоҳ доред;

• Ҳамеша бо худ шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент ба корро бо расидҳо оиди пардохт, полиси амалкунандаи тиббиро дошта бошед;Всегда носите при себе паспорт, миграционную карту, регистрацию, патент на работу с чеками об оплате, действующий медицинский полис;

• Ҳамаи саҳифаҳои шиносномаатон, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент, полиси тиббӣ, шартномаи меҳнатиро нусхабардорӣ кунед.

МУҲИМ АСТ! Ҳангоми гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҳар ду қисми хабарнома суроғаи будубош, маълумоти шахсии ҷониби қабулкунанда ва маълумотҳои шахсии Шуморо нишон додан лозим аст. Ҷониби қабулкунанда, агар ӯ шахси ҷисмонӣ бошад, дар бланк имзо мегузорад. Агар ин ташкилот бошад – муҳр ва имзои роҳбар. Баъд аз соҳиби ҷойи кор гардидан бақайдгирии муҳоҷиратиро (қайдро) мунтазам ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ ё ки патенти пардохтгардида ба кор дароз кардан лозим аст.

Супоридани пакети ҳуҷҷатҳо барои ба қайд гузоштани патент дар шаҳри Оренбург аз ҷониби ташкилоти ваколатдори КФФД «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар суроғаи: ш. Оренбург, кӯч. 75 линия/16 линия, х. 1/14, телефон: 44-78-15, ё ки тавассути сабти пешакӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ (www.gosuslugi.ru) ба амал бароварда мешавад.

Пардохт барои патент на дертар аз 1 рӯз то гузаштани ҳар як моҳи пардохтгардидаи кор ворид карда мешавад. Пардохт аз рӯи патентро ба муҳлати то 12 моҳ пеш ворид кардан мумкин аст. Ҳатман дар худ расидҳои тасдиқкунандаи пардохт барои патентро нигоҳ доред.

Дар давоми 2 моҳ баъд аз гирифтани патент Шумо бояд ба Раёсад оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо кордеҳро равона кунед.

Дар ҳолати гумкунии патент Шумо метавонед ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург бо ариза оиди додани нусхаи такрории патент муроҷиат кунед.

Алоқаҳои муҳим

Раёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Филиали КФФД «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

МФДБТ ТО «Донишгоҳи давлатии забони русӣ ба номи А. С. Пушкин»:

Маркази бисёрфунксионалии пешниҳодкунии хизматҳои давлатӣ ва мунисипалии вилоя-ти Оренбург: