Ҷавобгарӣ барои вайронкунии қонунгузории Федератсияи Россия

Вайрон кардани қонунгузории миграционного

Ҷавобгарӣ барои ифротгароӣ ва терроризм

Вайрон кардани қонунгузории миграционного

Барои вайронкунии қонунҳо дар соҳаи муҳоҷират аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҷавобгарии қатъӣ пешбинӣ гардидааст. Шумо бояд талаботи қонунгузории Россияро қатъӣ риоя кунед ва аз қоидавайронкуниҳои дилхоҳ эҳтиёт бошед!

Вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират боиси аз 2 то 5 ҳазор рубл ҷарима шуда, инчунин боиси ихроҷ аз кишвар мегардад (бо салоҳдиди суд ё шахси мансабдори ваколатдор).

Вайронкунии асосии қонунгузории муҳоҷират:

1. Тафовут байни мақсадҳои воқеии воридшавӣ ва будубош дар Русия ва он чизе, ки дар ҳуҷҷатҳо нишон дода шудааст.

2. Бе ҳуҷҷат гаштан дар ҳудуди Русия, аз ҷумла агар ҳуҷҷатҳо гум шуда бошанд ва баёнот дар бораи гум шудани онҳо ба ВКД Русия пешниҳод нашуда бошад. Ин боиси ситонидани ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи аз 2 то 5 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Русия мегардад.

3. Вайрон кардани қоидаҳои бақайдгирии муҳоҷират боиси ҷарима ба андозаи аз 2 то 5 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ ё берун рафтан аз Русия мешавад.

4. Кор бе патент ё коре, ки аз рӯи патенте, ки дар минтақаи дигар ё касби дигар дода шудааст, боиси таъини ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 2 то 5 ҳазор рубл бо роҳи маъмурӣ берун кардан ё берун аз аз Федератсияи Русия мегардад.

5. Риоя накардани мӯҳлати бақайдгирии патент боиси ҷарима ба андозаи аз 10 то 15 ҳазор рубл мегардад.

6. Гаштан дар ҳудуди Русия пас аз ба охир расидани мӯҳлати ҳуҷҷат (патент, иҷозатномаи истиқоматии муваққатӣ ва ғ.).

• муҳлати будубоши қонунӣ дар ФР-ро бештар аз 30 шабонарӯз гузаронидед.

Агар шумо ба миёнравон ҳангоми ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан ё ки ҳангоми ба кор расмӣ кунонидан муроҷиат карда бошед, ба шумо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда метавонистанд, ва шумо таҳти амали таъқиқи вуруд ба ФР афтида метавонед!

Оиди он, ки ба шумо таъқиқ ба вуруд аз ҷониби муҳоҷират гузошта шудааст ё не, дар намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Россия ё ки дар сомонаи РВКД Россия дар вилояти Оренбург (56.мвд.рф) донистан мумкин аст.

Агар шуморо аз ҳисоби давлат депортатсия ё ки хориҷ карда бошанд – шумо ин хароҷотро бояд ҷуброн кунед, вагарна шуморо ба кишвар ҳатто баъди ба анҷом расидани муҳлати таъқиқ роҳ намедиҳанд.

Феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои будубош (истиқомат) дар Русия асосҳои қонунӣ надоранд, бояд бадарға карда шаванд. Онҳо ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта пеш аз мустақилона баромада рафтан (бадарға ё депортатсия) аз Русия дохил карда мешаванд.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба феҳрист дохил карда шудаанд, мамнӯъиятҳои зерин амал менамоянд:

• бе иҷозати мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷои истиқомат ё ҷои будубоши худро дар Федератсияи Русия иваз кардан;

• берун аз ҳудуди субъекти Федератсияи Русия, мунитсипалитете, ки дар он шахси назоратшаванда зиндагӣ мекунад, берун шудан (будубош);

• молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиётӣ ва мошинаҳои худгард ба даст овардан, ин амволро дар мақомотҳои давлатӣ ба қайд гирифтан;

• ақди никоҳ бастан;

• шахси ҳуқуқӣ таъсис додан, ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гузоштан;

• кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ, ба истиснои интиқоли маблағҳо бо мақсади пардохти пардохтҳои ҳатмӣ, ки қонунгузории Федератсияи Русия муқаррар кардааст, инчунин интиқоли маблағ ба суратҳисоби шахси назоратшаванда ва додани пули нақдӣ ба шахси назоратшаванда ба маблағи на бештар аз 30 ҳазор рубл дар як моҳ.

Дар сурати такроран (ду ва зиёда) аз ҷониби шахси назоратшаванда риоя накардани маҳдудият ва мамнӯъиятҳои муқарраршуда, дар бораи бадарға кардан ва дар муассисаи махсуси мақомоти ҳудудии ВКД Русия ҷойгир кардани ӯ қарор қабул карда мешавад (ноҳияи Беляевский, деҳаи Алабайтал, кӯч. Камчатка, х. 5.) .

МУҲИМ АСТ: Илова ба ҷавобгарии маъмурӣ, гузаштан аз мӯҳлати будубош дар Русия боиси манъи вуруд ба муддати се сол аз рӯзи баромадан аз Федератсияи Русия мегардад. Агар баъди ба охир расидани мӯҳлати будубоши қонунӣ дар Русия шаҳрванди хориҷӣ пайваста аз 180 то 270 рӯз дар ҳудуди он қарор дошта бошад, воридшавӣ ба 5 сол ва зиёда аз 270 рӯз - 10 сол манъ аст.

Ҷавобгарии маъмурӣ

Ҷазои маъмурӣ ин ҷарима, ҳабси маъмурӣ (то 15 рӯз), корҳои маҷбурӣ ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус (масалан, ҳуқуқи рондани мошин) мебошад.

Аз шумо дар ҳаҷми 2000-10000 рубл ҷарима ситонида ва аз Россия берун карда метавонанд, агар шумо:

• қайдро (хабарнома оиди ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан) ба расмият надароварда бошед;

• ҳангоми дастгирӣ аз ҷониби политсия ҳуҷҷатҳои зарурӣ надошта бошед;

• дар корти муҳоҷиратӣ мақсади бардурӯғи вурудро нишон дода бошед;

• бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё ки на дар тахассуси дар патент нишондодашуда кор карда бошед;

• ҳангоми ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан маълумотҳои бардурӯғро нишон дода бошед.

Алоҳида, бояд ҷавобгарӣ барои истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ҳуҷҷатҳои шахсони дигар (сохтакорӣ), инчунин маълумоти бардурӯғ дар бораи худ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо қайд карда шавад. Дар ин ҳолат, шумо инчунин метавонед ба ҷавобгарии маъмурӣ ва дар ҳолатҳои махсусан вазнин, ҳатто ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавед. Илова бар ин, агар дар сарҳад ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода шаванд, шумо наметавонед ба ҳудуди Русия ворид шавед.

Муҷозоте низ вуҷуд дорад, ки танҳо барои шаҳрванди хориҷӣ метавонад таъин шавад - ихроҷи маъмурӣ аз Русия.

Чунин ихроҷ метавонад аз интиқоли маҷбурии шаҳрвандони хориҷӣ аз сарҳади Русия ё мустақилона берун рафтан иборат бошад. Пеш аз ихроҷшавӣ шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар ҷои махсус - боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шаванд. Чунин марказро ба ихтиёри худ тарк кардан мумкин нест.

Суроғаи МБМШХ Шӯъбаи ВКД Русия дар ноҳияи Беляевский: ноҳияи Беляев, деҳаи Алабайтал, кӯч. Камчатка, х. 5. Телефон: 8 (3532) 79-50-31, 79-50-32.

Ҷазои маъмурӣ нисбат ба ҷазои ҷиноятӣ сабуктар аст, вале барои шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан оқибатҳои хеле ногувор дошта метавонад.

Тваҷҷӯҳ намоед: агар шаҳрванди хориҷӣ дар давоми 3 сол 2 маротиба ё бештар аз он дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад, вай метавонад ба муддати 3 сол аз ҳаққи воридшавӣ ба Русия маҳрум шавад.

Агар шаҳрванди хориҷӣ дар давоми як сол 2 маротиба ва бештар аз он барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ё вайрон кардани реҷаи будубош ё тартиби анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошад, ворид шудан ба муддати 5 сол ба ҳудуди Русия манъ карда мешавад.

Пас аз эълони ихроҷи маъмурӣ ворид шудан низ ба муддати 5 сол манъ аст. Дар сурати такроран ихроҷи маъмурӣ ворид шудан ба Русия барои 10 сол манъ аст.

Илова бар ин, бо сабаби аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ вайрон кардани қонунгузории Федератсияи Русия, нисбати ӯ дар бораи ҷилавгирӣ аз воридшавӣ ба Федератсияи Русия ё манъ кардани будубоши ӯ дар Русия қарор қабул кардан мумкин аст. Агар чунин қарорҳо қабул шуда бошанд, шаҳрванди хориҷӣ вазифадор аст ҳудуди Русияро тарк кунад. Дар акси ҳол, ӯ бояд ихроҷ карда шавад. Ҳамчунин, қарорҳои зикршуда дигар иҷозати воридшавӣ ба мамлакатро дар мӯҳлати муқарраршуда надоранд.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ

Ҷавобгарии ҷиноятӣ дар сурати вайронкунии ҷиддӣ ба миён меояд. Ҷазо барои ҷиноят метавонад дар шакли ҷарима, корҳои маҷбурӣ, ҳабс, маҳрум сохтан аз озодӣ ва ғайра бошад.

Шахсони аз 16 сола боло ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, вале барои баъзе ҷиноятҳо (масалан, дуздӣ, таҷовуз ба номус, куштор) ҷавобгарӣ аз синни 14 солагӣ оғоз мешавад.

Дар кадом ҳолатҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ ба миён меояд:

Қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди Русия манъ аст:

• барои ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва тайёр кардани маводҳои мухаддир ба мӯҳлати то 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст;

• барои ғайриқонунӣ истеҳсол, фурӯш ва ирсоли маводи мухаддир то ҳабси абад муқаррар карда мешавад;

• барои водор намудан ба истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё аналогҳои онҳо ба мўҳлати то 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Таҷовуз ва фирефтани кӯдакон махсусан дар Русия муҷозотҳои сахт доранд. Инчунин, барои латукӯб, дуздии мошин, авбошӣ, куштор ва ғайра ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Дар айни замон, иштироккунандагони кирдорҳои оммавии ғайримутобиқшуда низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Баъзе вайронкуниҳои ҷиддии қонунҳои муҳоҷират низ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд. Масалан, ташкили воридшавии ғайриқонунӣ ё будубоши ғайриқонунӣ дар Русия метавонад то 5 соли зиндонро пешбинӣ кунад.

Бақайдгирии қалбакии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомат, ки воқеан зиндагӣ намекунад, низ ҷиноят дониста мешавад. Барои ин шахсе, ки ба синни 16 расидааст ва соҳиби манзил ё иҷорагир дар Русия мебошад, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ ба таври сохта сабти ном шудаанд, масъул хоҳад буд. Ҷазо метавонад аз 100 то 500 ҳазор рубл ҷарима бошад.

Ҷавобгарӣ барои ифротгароӣ ва терроризм

Барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ дар Федератсияи Россия ҷавобгарии ҷиноӣ ва маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои табиати маъмуридошта:

• ташвиқот ё ки намоиши оммавии нишонаҳо ё ки аломатҳои натсистӣ, ё ин ки нишонаҳо ё ки аломатҳои ташкилотҳои экстремистӣ, ё ин ки нишонаҳо ё ки аломатҳои дигар, ташвиқот ё ки намоиши онҳо бо қонунҳои Россия манъ карда шудааст (ҷарима, ё ин ки ҳабс ба муҳлати 15 шабонарӯз);

• барангехтани адоват ё ки душманӣ, яъне пастзании шаъни инсон (ҷарима, ё ки ҳабс ба муҳлати то 15 шабонарӯз);

• истеҳсолот ё ки паҳнкунии маводҳои экстремистӣ (ҷарима ё ки ҳабс ба муҳлати то 15 шабонарӯз).

Ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои табиати террористидошта:

• содиркунии амалиёти террористӣ (маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 20 сол ё ки маҳрумнамоии умрбод аз озодӣ);

• мусоидат ба фаъолияти террористӣ (маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 20 сол бо ҷарима дар андозаи то 1 миллион рубл ё ки умрбод маҳрумнамоӣ аз озодӣ);

• даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти террористӣ ё ки сафедкунии оммавии терроризм (ҷарима то 1 миллион рубл ё ки маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 7 сол);

• гаравгон гирифтан (маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 20 сол ё ки маҳрумнамоии умрбод аз озодӣ);

• хабардиҳии бардурӯғ оиди амалиёти террористӣ (ҷарима дар андозаи то 2 миллион рубл ё ки маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол);

• ташкили тӯдаи ғайриқонунии мусаллаҳ ё ки иштирок дар он (маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 20 сол).

Ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои самти экстремидошта:

• даъватҳои оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (маҳрумнамоӣ аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол);

• барангехтани адоват ё ки душманӣ, яъне пастзании шаъни инсон (маҳрумнамоӣ ба муҳлати то 6 сол);

• ташкили ҷамъияти экстремистӣ (маҳрумнамоӣ аз озодӣ то 12 сол).

• такшилкунии фаъолияти ташкилоти экстресмистӣ (маҳрумнамоӣ аз озодӣ то 10 сол);

• маблағгузории фаъолияти экстремистӣ (маҳрумнамоӣ аз озодӣ то 10 сол).

Агар ба шумо касе бо суҳбатҳо дар бораи исломи радикалӣ муроҷиат кунад, иштирок кардан дар вохӯрӣ ё ки хондани ҷаридаҳо ва китобҳо дар бораи ҷараёнҳои ғайриоинии динро пешниҳод кунад, ё ки ба шумо оиди ҷиноят ё ки фаъолияти террористии омодашудаистода маълум гардад, дарҳол оиди ин ба Хадамоти федералии амният (ФСБ) тавассути телефони федералии 8-800-224-22-22 (занг дар ҳудуди Россия ройгон) ё ки ба Раёсати ФСБ дар вилояти Оренбург.

Алоқаҳои муҳим

Раёсати ВКД Россия дар вилояти Оренбург:

Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Оренбур:

Раёсати ФСБ дар вилояти Оренбург:

Прокуратураи вилояти Оренбург:

Прокурори навбатдор: