АНО «Содружество народов Евразии»

Департамент молодежной политики Оренбургской области

Ёрии тиббӣ

СИТ, СҲТ

COVID-19

Гирифтани ёрии тиббӣ

Барои гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ аз телефони мобилӣ ба рақами 103 ё ки 112 занг занед. Телефони ягона барои маълумотҳо оиди коронавирус — 122.

Дар ҳолати таҳдид ба ҳаёт ва саломатӣ ӯҳдадоранд, ки ба шумо ёрии РОЙГОНИ тиббиро расонанд, ҳатто агар шумо полиси тиббӣ ва ҳуҷҷатҳо надошта бошед ҳам!

Шаҳрвандони хориҷӣ бояд полиси суғуртаи тиббӣ дошта бошанд , вагарна ба Шумо ҷарима баста ё ки ҳатто аз Россия берун карда метавонанд!

Полиси тиббӣ ду намуд буда метавонад:

СИТ (ДМС - полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ);

СҲТ (ОМС - суғуртаи ҳатмии тиббӣ, ба коркунанда аз рӯи шартномаи меҳнатӣ ройгон ба расмият дароварда мешавад).

СИТ

Полиси СИТ дар идораҳои ширкатҳои суғуртавӣ ё ки дар шӯъбаҳои "Почтаи Россия" ба расмият дароварда шуда, ба зерин ҳуқуқ медиҳад:

• ёрии таъҷилӣ дар дармонгоҳ, беморхона;

• ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббӣ;

• хизматрасониҳои дигари дар шартномаи СИТ пешбинигардида.

Арзиши полиси СИТ аз хизматрасониҳои тиббии дар он навишташуда ё ки муҳлати амал вобаста мебошад. Полиси аз ҳама арзонтарини СИТ, чун қоида, арзиши расонидани ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббиро дар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои давлатӣ ҷуброн мекунад.

Ҳангоми харидани полис рӯихати хизматрасониҳоро, ки ширкати суғуртавӣ пешниҳод мекунад, бодиққат хонед ва саволҳои шавқовари худро диҳед - ба кадом хизматрасониҳо умед карда метавонед, онҳоро аз кадом муассисаҳои тиббӣ гирифта метавонед, хизматрасониро чанд маротиба гирифтан мумкин аст, ҳангоми ба миён омадани муаммоҳо чӣ тавр бо ширкат тамос гирифтан мумкин аст ва ғайра. Масалан, ёрии дандонпизишкӣ танҳо дар он вақт пардохта мешавад, агар он дар барномаи суғуртавӣ нишон дода шуда бошад. Ин масъалаҳоро дарҳол ҳангоми хариди полис муайян намудан лозим аст. Ин ба шумо барои пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо ҳангоми муроҷиат ба муассисаи тиббӣ барои ёрӣ кӯмак мекунад.

Полиси СИТ барои кӯдакон – шаҳрвандони хориҷӣ одатан нисбати суғуртакунии калонсолон гаронбаҳотар аст. Хусусан полисҳои гаронбаҳои СИТ барои кӯдакони ширмак ва навзод пешбинӣ гардидаанд. Полиси СИТ-ро ҳангоми қабули кӯдак ба мактаб дархост карда метавонанд.

МУҲИМ АСТ! ёрии таъҷилии тиббӣ ба кӯдакон дар ҳар сурат ройгон расонида мешавад!

Агар зан гирифтани ёрии нақшавии тиббиро дар вақти ҳомиладорӣ ва таваллуд гирифтан хоҳад, ба ӯ лозим аст, ки ҳатман оиди ин ҳангоми ба расмият даровардани полиси СИТ гӯяд, зеро барномаи махсуси суғуртакунӣ талаб карда мешавад.

Барои ба расмият даровардани полиси СИТ, ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

• шиноснома ва тарҷумаи нотариалӣ тасдиқгардидаи шиноснома;

• корти муҳоҷиратӣ ва нусхаи он;

• огоҳинома дар бораи ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан (қайд) ва нусхаи он.

Агар шумо полиси СИТ-ро тавассути кордеҳи худ ба қайд гузоред, иловатан ба шумо ваколатнома аз роҳбари ташкилот бо ҳуқуқи имзо лозим мешавад.

Дар хотир доред, ки полиси СИТ ҳамчун ҳуҷҷатҳо ба кор, танҳо дар ҳудуди он минтақае, ки дар он дода шудааст, амал мекунад.

СҲТ

Шумо полиси СҲТ-ро ба расмият дароварда метавонед, агар шумо:

•шаҳрванди кишвари ба ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) бошед ва аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор кунед.

Ё ки дошта бошед:

• шаҳодатнома дар бораи пешниҳодкунии паноҳгоҳи муваққатӣ;

• шаҳодатномаи гуреза.

Барои ба расмият даровардани полиси СҲТ ташкилоти суғуртакунии тиббиро интихоб кардан лозим – инро дар дармонгоҳ дар ҷойи будубош ба амал баровардан мумкин аст.

Барои гирифтани полиси СҲТ, ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

• шиноснома ё ки ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

• СНИЛС;

• шартномаи меҳнатӣ;

• корти муҳоҷиратӣ;

• қисми буридашавандаи бланки хабарнома оиди омадан (қайд) ё ки нусхаи он бо нишондоди ҷой ва муҳлати будубош.

Ба шаҳрвандони ИИАО, ки дар Россия меҳнат мекунанд, полиси СҲТ дар намуди коғазӣ дода мешавадва он муҳлати амал – то анҷоми соли тақвимӣ, вале на бештар аз муҳлати амали шартномаи меҳнатиро дорад.

Ҳатман рақами телефон ва номи ташкилоти суғуртавиро, ки ба Шумо полиси СИТ ё ки СҲТ-ро додааст, маҳфуз кунед; агар Шумо полиси худро гум кунед, Шумо онро бо муроҷиат кардан ба ширкати суғуртавӣ барқарор карда ё ки ба расмият даровардани онро дар ҳолати зарур будани ёрии таъҷилии тиббӣ тасдиқ карда метавонед.

Нусхабардорӣ намудани полиси суғуртавӣ ба ҳолати гум шудани он муфид аст.

Шумо полиси СҲТ-ро ба расмият дароварда метавонед, агар шумо:

•шаҳрванди кишвари ба ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) бошед ва аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор кунед.

Ё ки дошта бошед:

• шаҳодатнома дар бораи пешниҳодкунии паноҳгоҳи муваққатӣ;

• шаҳодатномаи гуреза.

Барои ба расмият даровардани полиси СҲТ ташкилоти суғуртакунии тиббиро интихоб кардан лозим – инро дар дармонгоҳ дар ҷойи будубош ба амал баровардан мумкин аст.

Барои гирифтани полиси СҲТ, ҳуҷҷатҳои зерин лозиманд:

• шиноснома ё ки ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

• СНИЛС;

• шартномаи меҳнатӣ;

• корти муҳоҷиратӣ;

• қисми буридашавандаи бланки хабарнома оиди омадан (қайд) ё ки нусхаи он бо нишондоди ҷой ва муҳлати будубош.

Ба шаҳрвандони ИИАО, ки дар Россия меҳнат мекунанд, полиси СҲТ дар намуди коғазӣ дода мешавадва он муҳлати амал – то анҷоми соли тақвимӣ, вале на бештар аз муҳлати амали шартномаи меҳнатиро дорад.

Ҳатман рақами телефон ва номи ташкилоти суғуртавиро, ки ба Шумо полиси СИТ ё ки СҲТ-ро додааст, маҳфуз кунед; агар Шумо полиси худро гум кунед, Шумо онро бо муроҷиат кардан ба ширкати суғуртавӣ барқарор карда ё ки ба расмият даровардани онро дар ҳолати зарур будани ёрии таъҷилии тиббӣ тасдиқ карда метавонед.

Нусхабардорӣ намудани полиси суғуртавӣ ба ҳолати гум шудани он муфид аст.

COVID-19

Вируси коронавирусаи COVID-19 сирояти хатарноки монанди шамолзаниро ба миён меорад, вале ба оқибатҳои ҷиддӣ ва аз сабаби илтиҳоби системаҳои нафаскашӣ ва ҳозима ҳатто ба марг оварда расонида метавонад.

Гурӯҳи асосии хатар - одамони калонтар аз 65 сол, вале кӯдакон ҳам, ҷавонон ҳам, одамони синни миёна низ зарар дида метавонанд. Вирус аз одам ба одам мегузарад – ҳангоми сулфидан ва атса задан, инчунин тавассути расидан.

Аломатҳои асосӣ: ҳарорати баланд, сулфаи хушк, нафастангӣ, дард дар мушакҳо, мондашавии баланд, дарди сар, баъзан – дард дар сина, дарунравӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ. Аломатҳо дар давоми 14 рӯз баъд аз сироятёбӣ пайдо шуда метавонанд ва одатан ба шамолзании оддӣ ё ки грипп монанданд.

Чӣ тавр аз коронавирус эмин мондан мумкин:

• ба ҷойҳои ҷамъиятӣ танҳо дар ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшакҳо ташриф оред;

• бо дастони ифлос ба рӯй нарасед;

• эҳтиёт шудан ҳангоми муошират бо беморон;

• бодиққат шустани дастон (на камтар аз 30 дақиқа);

• безарар гардонидан ва собун шустани сатҳҳо ва ашёҳо, ки ба онҳо шумо ё ки одамони дигар мерасед;

• ба одамони дигар нарасидан, дастҳоро нафишурдан.

Бо иттилооти тиббии алоқаманд бо чораҳои пешгирӣ ва табобат, ва иттилоот дар бораи тартиби махсуси ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР дар давраи пандемия дар сомонаи стопкоронавирус.рф шинос шудан мумкин аст.

Шартҳои эмгузаронӣ:

• барои шаҳрвандоне, ки РВП ё ки ВНЖ дар Россия доранд – эмгузаронӣ ройгон аст, бо пешниҳодкунии ОМС (суғуртакунии ҳатмии тиббӣ).

Барои гузаронидани эмгузаронӣ бояд дошта бошад:

• шиноснома;

• ҳуҷҷате, ки барои будубоши қонунӣ дар Россия асос мебошанд: ВНЖ ё ки РВП;

патент барои кор (барои шаҳрвандони Арманистон, Қирғизистон, Белоруссия, Қазоқистон чунин ҳуҷҷатҳо лозим нестанд).

Қабл аз эмгузаронӣ розигии ихтиёрро имзо кардан ва пурсишномаро пур кардан лозим нест.

Рӯихати коргарон-муҳоҷирон, ки эмгузаронӣ карда шаванд, аз ҷониби кордеҳе, ки шартнома барои расонидани хизматрасониҳои пулакии тиббиро мебандан ва онҳоро пардохт мекунад, тартиб дода мешавад.

Мустақилона дар нуқтаи эмгузаронӣ, бо бастани шартнома барои расонидани хизматҳои пулакии тиббӣ эмнузаронӣ кардан мумкин аст. Пардохт танҳо бо роҳи ғайринақдӣ ба амал бароварда мешавад. Баъд аз эмгузаронӣ ба шаҳрвандон низ сертификат оиди ваксинатсия дода мешавад.

Бе сабти пешакӣ дар шаҳри Оренбург эмгузарониро дар марказҳои савдои зерин гузоштан мумкин аст:

• Мегамолл «Армада» (шоҳроҳи Шарликскле, 1, «Галереи ғизо». Тартиби кор: дш – яш, аз 11.00 то 17.00.

• МДС «Кит» (Салмишская, 71, ошёнаи 2, дар назди парки батут). Тартиби кор: дш – яш, аз 11.00 то 17.00.

Дар беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ эмгузарониро бо сабти пешакӣ кардан мумкин аст. Ба эмгузаронӣ инчунин тавассути рақами телефони 122 ё ки тавассути портали Госуслуги сабт кардан мумкин аст.

Баъд аз ваксинатсия QR-код ба саҳифаи шахсӣ дар портали Госуслуги ворид мешавад.

Алоқаҳои муҳим

Вазорати тандурустии вилояти Оренбург:

Мақомоти ҳудудии Росздравнадзор:

Маркази беҳдошт ва сироятшуносӣ дар вилояти Оренбург:

Хазинаҳои минтақавии суғуртакунии ҳатмии тиббии вилояти Оренбург:

Маркази вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ва бемориҳои сирояткунанд: