Перейти к содержимому
ОРЕНМИГРАНТ
Интихоб забони
Тоҷикӣ
Русский
Ўзбек тили
Кыргыз тили
Menu
Интихоб забони
Тоҷикӣ
Русский
Ўзбек тили
Кыргыз тили
Саҳифаи аслӣ
Вуруд ба Россия
Ҳуқуқҳои меҳнатӣ
Ёрии тиббӣ
Таҳсил
Иқомат дар Русия
Муносибати байниҳамдигарӣ бо политсия
Вайронкунии қонунгузории Федератсияи Россия
Menu
Саҳифаи аслӣ
Вуруд ба Россия
Ҳуқуқҳои меҳнатӣ
Ёрии тиббӣ
Таҳсил
Иқомат дар Русия
Муносибати байниҳамдигарӣ бо политсия
Вайронкунии қонунгузории Федератсияи Россия
АНО «Содружество народов Евразии»
Интихоб забони
Тоҷикӣ
Русский
Ўзбек тили
Кыргыз тили
Menu
Интихоб забони
Тоҷикӣ
Русский
Ўзбек тили
Кыргыз тили
Таҳсил дар Россия
Боғчаи бачагона, мактаб
Маълумоти миёна ва олӣ
Боғчаи бачагона, мактаб
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои
Кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамчун кӯдакони шаҳрвандони Россия, ҳуқуқи ройгон рафтан ба боғчаҳои бачагона ва таҳсил гирифтан дар мактабро доранд.
Кӯдакон бояд дар Россия
дар асосҳои қонунӣ қарор дошта
, яъне корти муҳоҷиратӣ ва қайд дошта бошанд (дар қайди муҳоҷиратӣ қарор дошта бошанд).
Кӯдакони муҳоҷирони коркунанда
– шаҳрвандони кишварҳои ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) – дар Россия дар асос ва муҳлати амали шартномаи меҳнатии волидайн қарор доранд.
Волидайни кӯдакони синну соли мактабӣ ӯҳдадоранд, ки кӯдакро ба мактаб диҳанд!
Кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба синни 18 солагӣ нарасидаанд, ҳуқуқи дар ФР кор карданро надоранд!
Барои дохил шудан ба боғчаи бачагон, бояд ба МБ - маркази бисёрфунксионалӣ дар ҷои бақайдгирӣ муроҷиат кард ё дар утоқи шахсии худ дар Портали хизматҳои давлатӣ (агар мавҷуд бошад) дархост пешниҳод кардан.
Барои дохил шудан ба синфи 1 мактаб бояд дар утоқи шахсии худ дар Портали хизматҳои давлатӣ ариза пешниҳод каод ё ба раёсати маҳаллии (шӯъба) маориф муроҷиат намуд.
Ба шумо маслихат медиҳем, ки фарзанди худро пешакӣ ба боғчаи бачагон ва мактаб ҷой кунед.
Қабули бачагон ба боғчаи бачагон дар муддати тамоми соли тақвимӣ дар сурати мавҷуд будани ҷойҳои холӣ амалӣ карда мешавад. Қабули гурӯҳҳои синну солӣ барои соли таҳсили минбаъда дар моҳҳои апрел-сентябр сурат мегирад. Кабули муташаккилона ба синфи якум аз мохи апрел, қабул ба синфҳои дигар аз моҳи май оғоз мешавад ва дар тамоми соли таҳсил сурат мегирад. Кӯдакони оилаҳои серфарзанд барои ба кӯдакистон шомил шудан
ҳуқуқҳои
афзалиятнок доранд.
Кӯдак, аз ҷумла фарзандхондшуда ё шахсе, ки таҳти васоят ё парасторӣ дар оила, аз ҷумла оилаи парасторӣ қарор дорад ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории субъектҳои Федератсияи Русия, оилаи парасторӣ, барои таҳсил дар боғча ва мактабе, ки бародар ё хоҳараш дар он таҳсил мекунанд,
ҳуқуқи имтиёзнок дорад.
Дар ҳолати набудани ҷой дар муассисаи таълимии давлати ё мунитсипалӣ дар ҷойи истиқомат, падару модари кӯдак барои ҳалли масъалаи ба дигар муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ ҷалб намудани ӯ бевосита ба
шӯъбаи маорифи маҳаллӣ (шӯъ
ба) муроҷиат мекунанд.
Оид ба ҳамаи масъалаҳо вобаста ба қабул ба боғча ё мактаб бояд ба шӯъбаи маорифи
маҳаллии (шӯъба) худ муроҷиат намуд.
Алоқаҳои раёсати маорифи (шӯъба) ҷойи истиқомати худро дар вебсомонаи Вазорати маорифи вилояти Оренбург, дар боби "Мақомотҳои минтақавӣ" https://minobr.orb.ru/about/ метавон пайдо кун.
Ҳангоми ба мактаб дохил шудан ташхиси сатҳи донистани забони русӣ гузаронида мешавад ва (дар ҳолати зарурӣ) дарсҳои иловагии забони русӣ ташкил карда мешаванд.
Дохилшавӣ дар синфе сурат мегирад, ки ба сатҳи азхудкунии барномаи таълимии русӣ мувофиқат мекунад. Сатҳи азхудкунии барномаро бо баҳоҳое, ки дар парвандаи шахсии кӯдак нишон дода шудаанд, тасдиқ кардан мумкин аст. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сатҳи (синфи) таҳсил, мактаб комиссия таъсис медиҳад, ки сатҳи азхудкунии кӯдакро аз барномаи таълимӣ муайян мекунад ва дар бораи дохил шудан ба синфи муайян қарор қабул мекунад.
Ҳуҷҷатҳои лозима барои ҷойгиркунии кӯдак ба боғчаи бачагона ва мактаб (нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳо):
• шиносномаи кӯдак ва шиносномаи яке аз волидайн;
• шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;
• корти муҳоҷиратии кӯдак ва яке аз волидайн;
• хабарнома дар бораи гузошта шудан ба
қайди муҳоҷирати
(қайди) кӯдак ва яке аз волидайн (дар он ноҳия, ки дар он кӯдак ба мактаб ё ки боғчаи бачагона меравад);
• корти муҳоҷиратӣ, ки аллакай дар кӯдак ҳаст;
• маълумотномаи тиббии шакли 026 ва сертификат оиди эмкуниҳо (пулакӣ дар дармонгоҳҳои тиббии кӯдакона ба расмият дароварда мешавад);
• парвандаи шахсии кӯдак аз мактаби пешина (агар ӯ аллакай хонда бошад).
Одатан инчунин тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ талаб карда мешавад, баъзан полиси тиббии кӯдакро талаб карда метавонанд.
Агар кӯдак барои омӯзиш дар мактаб омода набошад, забони русиро хуб надонад, бо кӯдакон душвор муошират кунад,
ба китобхонаҳои кӯдаконаи дар амаликунии лоиҳаи «Дарси русӣ» муроҷиат кардан мумкин аст:
Китобхонаи полиэтникии кӯдаконаи вилояти Оренбург:
ш. Оренбург, кӯч. Терешкова, 15
8 (3532) 77-49-83
oodb.ru
Китобхонаи кӯдаконаи №19 ш. Оренбург:
ш. Оренбург, хиёбони Гагарин, 35
8 (3532) 71-05-65
vk.com/id239198507
Китобхонаи марказии кӯдаконаи Орск ба номи Ю. Гагарин:
ш. Орск, хиёбони Ленин, 40
8 (3537) 25-30-32
Китобхонаи марказии моделии кӯдакона:
ш. Гай, кӯч. Ленин, 42
8 (3536) 24-29-94
Ҳуҷҷатҳои лозима барои ҷойгиркунии кӯдак ба боғчаи бачагона ва мактаб (нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳо):
• шиносномаи кӯдак ва шиносномаи яке аз волидайн;
• шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;
• корти муҳоҷиратии кӯдак ва яке аз волидайн;
• хабарнома дар бораи гузошта шудан ба
қайди муҳоҷирати
(қайди) кӯдак ва яке аз волидайн (дар он ноҳия, ки дар он кӯдак ба мактаб ё ки боғчаи бачагона меравад);
• корти муҳоҷиратӣ, ки аллакай дар кӯдак ҳаст;
• маълумотномаи тиббии шакли 026 ва сертификат оиди эмкуниҳо (пулакӣ дар дармонгоҳҳои тиббии кӯдакона ба расмият дароварда мешавад);
• парвандаи шахсии кӯдак аз мактаби пешина (агар ӯ аллакай хонда бошад).
Одатан инчунин тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқгардидаи ҳуҷҷатҳо ба забони русӣ талаб карда мешавад, баъзан полиси тиббии кӯдакро талаб карда метавонанд.
Агар кӯдак барои омӯзиш дар мактаб омода набошад, забони русиро хуб надонад, бо кӯдакон душвор муошират кунад,
ба китобхонаҳои кӯдаконаи дар амаликунии лоиҳаи «Дарси русӣ» муроҷиат кардан мумкин аст:
Китобхонаи полиэтникии кӯдаконаи вилояти Оренбург:
ш. Оренбург, кӯч. Терешкова, 15
8 (3532) 77-49-83
oodb.ru
Китобхонаи кӯдаконаи №19 ш. Оренбург:
ш. Оренбург, хиёбони Гагарин, 35
8 (3532) 71-05-65
vk.com/id239198507
Китобхонаи марказии кӯдаконаи Орск ба номи Ю. Гагарин:
ш. Орск, хиёбони Ленин, 40
8 (3537) 25-30-32
Китобхонаи марказии моделии кӯдакона:
ш. Гай, кӯч. Ленин, 42
8 (3536) 24-29-94
Маълумоти миёна ва олӣ
Ҳангоми убури сарҳади ФР дар корти муҳоҷиратӣ мақсади вуруд ба зери «работа» (кор) хат кашед.
Агар шумо мақсади таҳсил дар шӯъбаи ғоибона ё ки бегоҳиро доред, вале бо ин дар ФР доимӣ кор карданӣ бошед – дар ин ҳолат ба мақсади вуруд «работа» (кор) хат кашидан лозим аст.
Ҳуҷҷатҳое, ки ҳангоми қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил ба барномаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ заруранд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ё ин ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия;
- нусхаи аслии ҳуҷҷати (ҳуҷҷатҳо) мамлакати хорҷӣ оиди маълумот ва (ё) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот ва тахассус, агар таҳсилот бо ҳуҷҷати мазкур тасдиқшуда дар Федератсияи Русия дар сатҳи таҳсилоти дахлдор эътироф шуда бошад;
- нусхаи аслӣ ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи қабули афзалият ё аввалиндараҷа;
- тарҷумаи ба таври муқаррашуда тасдиқшуда ба забони русии ҳуҷҷати амлакати хориҷӣ дар бораи таҳсилот ва замимаҳо ба он;
- 4 сурат.
Ном, насаб ва номи падар (охирин – дар сурати мавчудият) аризадиҳанда, ки дар тарҷумаҳои ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда нишон дода шудааст, бояд ба насаб, ном ва номи падар (агар мавчуд бошад), ки дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия нишон дода шудааст, мувофиқат кунад.
Хусусиятҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ:
- ариза оиди қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои дохил шудан ба муассисҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо забони русӣ, забони ҷумҳурии Федератсияи Русия, ки дар ҳудуди он ташкилот воқеъ аст, ё ба забони хориҷӣ, агар ташкилот чунин имкониятро муқаррар карда бошад, пешниҳод кардан;
- нусхаи аслӣ ё нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, шаҳрвандӣ ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия ё шахсияти шахси бе шаҳрванд дар Федератсияи Русия.
Ҳуҷҷатҳое, ки ба забони хориҷӣ навишта шудаанд, бояд ба забони русӣ тарҷума карда шаванд, агар дар шартномаи байналмилалии Федератсияи Русия тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Ҳуҷҷатҳои дар мамлакати хориҷӣ гирифташуда бояд қонунӣ карда шаванд, агар дар шартномаи байналмилалии Федератсияи Русия ё қонунгузории Федератсияи Русия тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
Шаҳрвандони хоричӣ ё бе шаҳрвандӣ барои гирифтани маълумоти олӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия, қонунҳои федералӣ ё квотае, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия барои таҳсилоти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ муқаррар шудааст (минбаъд – квота барои таҳсилоти шахрвандони хориҷӣ), инчунин аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва тибки шартномаҳо оид ба хизматрасонии пулакии таълимӣ ҳуқуқ доранд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил дохил мешаванд, ба таври илова ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дохил шудани онҳоро ба шахсони дар шартномаҳои байналмилалии дахлдор зикргардида пешниҳод мекунанд.
Ҳангоми қабули донишҷӯён ба барномаҳои бакалаврӣ ва мутахассисӣ тибқи шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои таълимии пулакӣ, ташкилоти таҳсилоти олӣ мустақилона номгӯи имтиҳонҳои дохилшавӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро муқаррар мекунад.
Дар ҳолате, ки агар микдори имтиҳонҳои қабули барои шаҳрвандони хориҷӣ муқарраршуда аз шумораи имтиҳонҳои қабул фақк дошта бошад, ташкилоти таҳсилоти олӣ мустақилона миқдори ҷойҳоро барои қабул аз рӯи натиҷаҳои имтиҳонҳои қабул барои шаҳрвандони хориҷӣ муқарраршуда ҷудо мекунад ва барои ин ҷойҳо озмуни алоҳида мегузаронад.
Гузоштан ба қайди муҳоҷиратиро чӣ тавр бояд ба расмият даровард:
• Агар шумо дар хобгоҳ истиқомат кунед - ба коменданти хобгоҳ ё ки шӯъба оид ба кор бо донишҷӯёни хориҷии муассисаи таҳсилотии худ муроҷиат кунед.
• Агар шумо дар утоқи иҷоравӣ истиқомат кунед - ба соҳибмулк ё ки иҷорадиҳандаи манзили истиқоматӣ муроҷиат кунед ва бақайдгузории муҳоҷиратиро дар шӯъбаҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ ба расмият дароред.
Муҳлати баҳисобгирии муҳоҷиратии донишҷӯёни хориҷии шакли рӯзона ва рӯзона-ғоибона мунтазам ба тамоми муҳлати омӯзиш мутобиқи дархости муассисаи таҳсилотӣ дароз карда мешавад.
МУҲИМ АСТ!
Баъд аз ҳар
вуруд ба Россия ва ивази ҷойи будубоши аслӣ дар Россия гузоштан баҳисобгирии муҳоҷиратиро ба расмият даровардан лозим аст.
Агар ба шумо барои будубош дар ҳудуди Россия раводид лозим шавад:
Тамдиди раводид
- ин протседураест, ки барои тамдиди қонунияти будубоши шумо дар ҳудуди Россия
ба муҳлати то 1 сол
имкон медиҳад. Раводиди яккаратаа ва бисёркаратаи корӣ ва таълимиро тамдид кардан мумкин аст. Барои тамдиди раводид ба шумо омода кардани пакети пурраи ҳуҷҷатҳо ва шахсан пешниҳод кардани онҳо ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург на дертар аз
20 рӯзи тақвимӣ
то анҷоми муҳлати амали раводиди амалкунанда лозим аст.
Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ
баъд аз гирифта шудани раводиди нав
ба муҳлати амали раводиди бисёркарата дар ҷойи будубоши (истиқомати) шаҳрванди хориҷӣ тамдид карда мешавад. Ҳуҷҷатҳо барои тамдиди баҳисобгирии муҳоҷиратиро рӯзи дигари корӣ баъд аз гирифтани раводиди нав супоридан лозим аст.
Агар аз шумо барои будубош дар ҳудуди Россия раводид талаб карда нашавад
, баҳисобгирии муҳоҷиратӣ метавонад ба муҳлати
то 1 сол
аз санаи вуруд ба Россия тамдид карда шавад. Барои дарозкунии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ ба шумо омода кардани пакети пурраи ҳуҷҷатҳо ва супоридани он на дертар аз
30 рӯзи тақвимӣ
то анҷоми муҳлати аввалияи хабарнома дар бораи омадан зарур аст. Агар шумо дар хобгоҳ истиқомат кунед, ба коменданти хобгоҳ муроҷиат кунед. Агар шумо дар утоқи иҷоравӣ истиқомат кунед, ба соҳибмулк ё ки иҷорадиҳандаи манзили истиқоматӣ муроҷиат кунед - тамдиди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ дар шӯъбаҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии мақомоти ҳудудии ВКД Россия дар сатҳи ноҳиявӣ ба амал бароварда мешавад.
МУҲИМ АСТ!
Бо тамдиди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ инчунин
корти муҳоҷиратӣ
низ бояд тамдид карда шавад. Пайгирӣ намудани муҳлати амали ҳуҷҷатҳои шумо ва пешакӣ омода кардани пакети ҳуҷҷатҳо барои супориданро хоҳиш мекунем.
Ба кор дохил шудан:
Шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти меҳнатиро дар он ҳолат доранд, ки агар онҳо ба синни ҳаждаҳсолагӣ расида бошанд, бо шарти мавҷуд будани иҷозатнома ба кор ё ки
патент
.
Вале, тартиби нишондодашуда ба донишҷӯёни хориҷии :
• иҷрокунандаи корҳо (хизматрасонанда) дар давоми таътил;
• коркунанда дар вақти озод аз таҳсил дар ташкилотҳои таълимӣ, ки дар онҳо таҳсил мегиранд;
• дар вақти холигӣ аз таҳсил коркунанда паҳн намешавад.
Донишҷӯён - шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ҳуқуқи кор кардан бе патент ва бе иҷозатнома ба корро дар вақти дилхоҳ доранд (асос - шартнома дар бораи ИИАО).