Тартибдиҳии протокол маънои онро надорад, ки шумо бояд ҷарима пардохт кунед. Ба шумо бояд қарор аз рӯи парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро диҳанд, ки шумо аз болои он дар давоми 10 рӯз дар суд шикоят карда метавонед.
Шикоят оид ба амали кормандони политсия
Агар кормандони политсия ҳуқуқҳои шуморо вайрон кунанд, қабул кардани аризаро рад кунанд, ӯҳдадориҳои худро иҷро накунанд, ришва талаб кунанд ё ки зӯроварӣ татбиқ кунанд, шумо барои ёрӣ ба Раёсати ВКД Россия дар вилояти Оренбург, Прокуратураи вилояти Оренбург, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Оренбург шикоят карда метавонед.
Қоидаҳои рафтор дар Рссия
Агар шумо шоҳид ё ки қурбонии ҷиноят гардед, ба политсия муроҷиат кунед:
02 – аз телефони статсионарӣ
«102» ё ки «112» – аз телефони мобилӣ.
Ҳар як шаҳрванди хориҷии дар Федератсияи Россия қарордошта, бояд қонунҳо, одатҳо ва оинҳои кишвари будубошро бояд риоя ва эҳтиром кунанд! Бо онҳо то вуруд ба Россия бояд шинос шуд.
Вазифаи кормандони политсия – нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон новобаста аз миллат, мансубияти миллӣ, халқӣ, динӣ ва ғайра мебошад.