• пуркунии шакл-хабарнома дар бораи омадани Шумо ба ҷойи будубош ва равона кардани он ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург;
• гирифтан ва бо худ нигоҳ доштани бланки буридашавандаи хабарнома дар бораи омадан бо қайди гузошташуда оиди қабул гардидани ҳуҷҷатҳо.
МУҲИМ АСТ! Ба миёнравон муроҷиат накунед! Ба шумо бақайдгирии қалбакиро ба расмият дароварда метавонанд. Барои вайронкунии қоидаҳои вуруд ва қоидаҳои будубош - ҷарима аз 2 то 5 моҳ ҳазор рубл бо берункунии эҳтимолӣ аз Россия ва таъқиқ барои вуруд дар давоми 5 сол.
Патент барои кор
Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Русия бояд патент.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина барои кор бояд па-тент ба расмият дароранд. Он ба муҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.
Патент аз ҷониби Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург дода мешавад ва танҳо дар он минтақаи ФР, ки барои кор дар он ба расмият дароварда шудааст, амал мекунад.
МУҲИМ АСТ! Барои кор дар тахассуси дар патент нишон дода нашуда ҷаримабандӣ аз 2 то 5 ҳазор рубл имконпазир аст.
Муҳлат:дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи вуруд ба ФР, дар акси ҳол пардохати ҷарима барои вайронкунии муҳлатҳои гирифтани патент аз 10000 то 15000 рубл лозим мешавад.
МУҲИМ АСТ! Дар хотир доред, ки агар хориҷӣ дар ҳудуди ФР бештар аз 90 шабонарӯз бидуни ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонунии ӯ будубош дошта бошад, ба ӯ вуруд ба Россияро ба муҳлати то се сол таъқиқ мекунанд. Дар ҳолате, ки агар муҳлати амали патенти дар шаҳрванди хориҷа мавҷудбуда, дароз карда нашуда ё ки патенти ба ӯ додашуда бекор карда шуда бошад, шаҳрванди хориҷӣ дар ҳолати ба анҷом расидани муҳлати будубоши муваққатии ӯ дар Федератсияи Россия бояд аз Федератсияи Россия баромада равад.
Маслиҳатҳои муфид
• Чипта ё ки талони нишастро, ки бо он ба Россия ворид шудед, маҳфуз нигоҳ доред;
• Ҳамеша бо худ шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент ба корро бо расидҳо оиди пардохт, полиси амалкунандаи тиббиро дошта бошед;Всегда носите при себе паспорт, миграционную карту, регистрацию, патент на работу с чеками об оплате, действующий медицинский полис;
МУҲИМ АСТ! Ҳангоми гузоштан ба қайди муҳоҷиратӣ дар ҳар ду қисми хабарнома суроғаи будубош, маълумоти шахсии ҷониби қабулкунанда ва маълумотҳои шахсии Шуморо нишон додан лозим аст. Ҷониби қабулкунанда, агар ӯ шахси ҷисмонӣ бошад, дар бланк имзо мегузорад. Агар ин ташкилот бошад – муҳр ва имзои роҳбар. Баъд аз соҳиби ҷойи кор гардидан бақайдгирии муҳоҷиратиро (қайдро) мунтазам ба муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ ё ки патенти пардохтгардида ба кор дароз кардан лозим аст.
Супоридани пакети ҳуҷҷатҳо барои ба қайд гузоштани патент дар шаҳри Оренбург аз ҷониби ташкилоти ваколатдори КФФД «Хадамоти шиносномадиҳӣ-раводидӣ» ВКД Россия дар суроғаи: ш. Оренбург, кӯч. 75 линия/16 линия, х. 1/14, телефон: 44-78-15, ё ки тавассути сабти пешакӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва мунисипалӣ (www.gosuslugi.ru) ба амал бароварда мешавад.
Пардохт барои патент на дертар аз 1 рӯз то гузаштани ҳар як моҳи пардохтгардидаи кор ворид карда мешавад. Пардохт аз рӯи патентро ба муҳлати то 12 моҳ пеш ворид кардан мумкин аст. Ҳатман дар худ расидҳои тасдиқкунандаи пардохт барои патентро нигоҳ доред.
Дар давоми 2 моҳ баъд аз гирифтани патент Шумо бояд ба Раёсад оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо кордеҳро равона кунед.
Дар ҳолати гумкунии патент Шумо метавонед ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати РВКД Россия дар вилояти Оренбург бо ариза оиди додани нусхаи такрории патент муроҷиат кунед.
• Чипта ё ки талони нишастро, ки бо он ба Россия ворид шудед, маҳфуз нигоҳ доред;
• Ҳамеша бо худ шиноснома, корти муҳоҷиратӣ, қайд, патент ба корро бо расидҳо оиди пардохт, полиси амалкунандаи тиббиро дошта бошед;Всегда носите при себе паспорт, миграционную карту, регистрацию, патент на работу с чеками об оплате, действующий медицинский полис;